11:52 25 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
739 0 0

Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, даъвати шашум баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Аъзои Маҷлиси миллӣ дар оғоз қарорҳои дахлдорро оид ба интихоби котибот ва тасдиқи рӯзномаи иҷлосия иборат аз 10 масъала қабул карда, бо тартиби муқарраргардида ба баррасии масъалаҳо шурӯъ намуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ.

Гуфта шудааст, ки дар ҷараёни иҷлосияи сеюм раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Дилшод Раҳмон, оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон Маҳмадшоҳ Гулзода ва оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Шарифҷон Ҷумъазода маърӯза карда, хулосаҳои кумитаҳои дахлдорро нисбат ба қонунҳои баррасишаванда иброз намуданд.

Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки дар иҷлосияи мазкур аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ 4 қонуни мукаммали Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия”, “Дар бораи сайёҳӣ”, “Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт” ва “Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ” ҳамаҷониба муҳокима гардида, ҷонибдорӣ карда шуданд.

Инчунин дар ин ҷҷаласа масъалаҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як зумра кодексу қонунҳо, аз ҷумла қонунҳои Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон”, “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон”, оид ба  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, “Оид ба  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни  Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ”  ва “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”, ки бо мақсади мукаммалгардонӣ ва мутобиқсозии онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда таҳия шудаанд, мавриди баррасии  аъзои Маҷлиси миллӣ қарор гирифта,  ҷонибдорӣ ёфтанд.

Барчаспҳо:
масъала, баррасӣ, иҷлосия, баргузор, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Маҷлиси Миллӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ