01:13 27 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
729 0 0

Рӯзи 17 уми август, таҳсил дар макотибҳои кишвар шурӯъ мешавад. Масъулони соҳаи маориф мегуянд, машғулиятҳои мактабии соли хониши қаблӣ, ки ба сабаби доман паҳн кардани пандемияи COVID-19 иҷро ношуда монда буд то 1 уми сентябр пурра ба иҷро расонида хоҳад шуд

 ДУШАНБЕ, 5 авг – Sputnik. Осим Каримзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд дар нишасти матбуотӣ дар бораи таъсири бемории каронавирус ба раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ таъкид варзид.

Бино ба гуфти ин масъули соҳаи маориф бо сабаби доман густурдани пандемияи COVID - 19, 16 % и дарсу машғулиятҳои мактабӣ иҷро ношуда боқи мондаанд.

“Таҳсил аз санаи 17 уми август тасодуфӣ интихоб карда нашудааст. Чи хеле, ки ба ҳамагон маълум аст, моҳи март дарсҳои мактабӣ ҷамъбаст шуданд, аммо бинобар сабаби паҳни бемории каронавирус мо барои ҷамбаст кардани чоряки сеюми соли хониш вақтамон нарасид.

Баҳои вазири маориф ба сифати таҳсил дар донишгоҳҳои кишвар: аз минтақа камие надорем

Чунки тибқи қарори Ситод оид ба пешгирӣ ва мубориза бо COVID-19, дар мактабҳо таътили муваққатӣ эълон карда шуд. Бинобар ҳамин соатҳои дарсие, ки бояд тибқи Барномаи таълим гузаронида мешуд, ҳамагӣ 84 % иҷро расонида шуд”, гуфт Каримзода.

Сардори Раёсати маорифи Суғд афзуд, имсол дарс дар мактабҳо тибқи тавсияҳои Ситоди муқобила бо COVID-19 аз санаи 17 уми август сурат мегирад ва то санаи 1 сентябр машғулиятҳои ба таъхиргузошташудаи соли хониши қаблӣ ба иҷро расонида мешавад.

Осим Каримзода иброз намуд, ки дар пайи хуруҷи бемории каронавирус дар кишвар, имтиҳонсупории толибилмон дар макотиб баргузор нагардид.

“Дар охирҳои моҳи март эълон шуда буд, ки дар ҳоли ба эътидол омадани вазъ имтиҳонҳои давлатӣ супорида мешаванд. Аммо вазъият мураккаб шуд ва ба ин делел имтиҳонсупории хонандагон доир ношуда монду дар асоси чоряки сеюм, чоряки чорум ва ҳаминтариқ баҳои имтиҳони солонаро гузоштем”, гуфт Каримзода.

Дар рӯзи 26 уми апрел, вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастури Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ аз пандемияи маризии вируси корона ё COVID – 19 эълон кард, ки аз 27 апрел то 10 майи соли 2020 муваққатан дар муассисаҳои таълимӣ - кӯдакистону боғча, мактабҳо, литсейҳои касбӣ – техникӣ, коллеҷҳо - таътил эълон карда шавад.

Аммо дар пайи доман паҳн кардани бемории вируси корона Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз тамдиди таътил дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ хабар дода, рӯзи 5 уми май эълон кард, ки хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар кишвар то 16 август ба таътили тобистона мераванд ва соли таҳсили 2020 – 2021 аз 17 август оғоз мешавад.

“Ин фоҷиа аст”: нигаронии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид аз таътили мактабҳо

Тибқи иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон 662 боғча бо 102 ҳазору 175 кӯдак ва 9 ҳазору 766 омӯзгор, 3884 мактаби миёна бо 2 миллиону 033 ҳазору 900 хонанда ва 124 ҳазору 593 омӯзгор, 63 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо 21 ҳазору 890 хонанда ва 2 ҳазору 305 омӯзгор ва 75 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ бо 87 ҳазору 696 донишҷӯ ва 6 ҳазору 381 омӯзгор фаъолият мекунанд, ки ҷамъ 4686 муассиса, 2 миллиону 245 ҳазору 661 муҳассил ва 143 ҳазору 045 омӯзгорро ташкил медиҳад.

Мавзӯъҳои асосӣ