16:54 20 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
853 0 0

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ панҷ роҳбари нозироти андози шаҳру ноҳияи вилоят барои иҷро накардани нақшаи қисми даромади буҷет муҷозоти интизомӣ шуда, аз вазифа барканор шудаанд. Ҳамчунин, ду нафар мансабдори ин ниҳод даст ба ҷиноят задаанд

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Ба нақл аз сомонаи рӯзномаи “Фараж”,  Рухшона Шириналиева, мудири бахши кадрҳои Раёсати андоз дар вилояти Хатлон, ахиран зимни нишасти матбуотӣ  иттилоъ дод, ки 16 роҳбари нозироти андоз аз мансабаҳояшон сабукдӯш шуданд.

Ба гуфтаи вай, аз 16 роҳбари аз мансабаҳояшон сабукдӯшшуда панҷ нафар барои иҷро накардани қисми даромади буҷет, як нафар барои содир кардани ҷиноят, се нафар дар натиҷаи нагузаштан аз атестатсия ва нӯҳ нафари дигар бо сабаби ба дигар вазифа гузаштан, сабукдӯш шудаанд.

Ивазшавии  роҳббарони нозироти андоз дар  шаҳру ноҳияҳои Бохтар ду маротиба, Абдураҳмонӣ Ҷомӣ ду маротиба,  ноҳияи Восеъ ду маротиба ва Левакант  як мартиба ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамзамон қайд карда шуд, ки роҳбари Нозироти андози ноҳияи Восеъ ва муовини сардори Нозироти андози шаҳри Бохтар барои гирифтани пора, ки нисбаташон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст, аз мансабҳояшон барканор гардидаанд.

Барчаспҳо:
барканор, барканорӣ, сабукдӯш, вазифа, Хатлон, андоз, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ