Суқути ситораи санъати тоҷик: даргузашти Баҳром Ғафурӣ - видео

© Facebook / Бахром ГафуриБахром Гафури
Бахром Гафури - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Баҳром Ғафурӣ, овозхони маъруфи тоҷик, дар синни 44 – солагӣ бар асари як садами нақлиётӣ даргузашт

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Яке аз наздикони овозхон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, мавсуф ҳангоми ҳаракат дар роҳ ҳаволии соати 4 – и субҳ дар роҳи рӯ ба рӯи Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе ба садама дучор шуда, ҷароҳати вазнин бардоштааст.

 “Ӯро ба корпуси 5 – и Шифохонаи Қарияи Боло интиқол доданд, аммо барои наҷоти ҷонаш чизе аз дасти пизишкон сохта нашуд. Ӯ ҷон ба ҷонофарин таслим кард”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Баҳром Ғафурӣ яке аз ситораҳои дурахшони саноъати мусиқии тоҷик тайи 20 соли ахир буд, ки бо услуби хосу садои нотакрор беш аз 10 албомро ҳадяи мухлисонаш кардааст.

Дар миёни мардум албумҳои ӯ “Милоди орзу”, “Ошиқи рӯят” ва “Муҳоҷирбача” маҳбубияти хос доранд. Баҳром Ғафурӣ 29 феврали соли 1976 дар деҳаи Ҳазрати Мавлонои ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ Ленин) таваллуд шуда, хатмкардаи факултаи иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.

 Чандин маротиба аз сӯи созмонҳои мусиқӣ унвонҳои “Ситораи сол” ва “Овозхони беҳтарин” – ро ба даст овардааст.

Лоик Сулейман, афганский поэт  - Sputnik Тоҷикистон
Сулаймон Лоиқ - дӯсти Осимиву Қаноат ва Лоиқ - даргузашт

Моҳи ноябри соли 2009 дар озмуни Big Apple music Awards “Овозхони беҳтарини мард” эълон шуд.

Ин бори аввал нест, ки дар пайи фоҷиаҳо ситораҳои санъати Тоҷикистон суқут мекунанд.

Дар замони Шӯравӣ Муқаддас Набиева ва Наргис Бандишоева дар пайи садамаи нақлиётӣ, дар оғози ҷанги шаҳрвандӣ Кароматуллоҳи Қурбон аз тири гуруҳи силоҳбадаст, дар даҳаи дуюми асри ҷорӣ Суҳроби Сафарзод ва Субҳони Сайид низ дар пайи маризӣ дар айни авҷи эҷод саҳнаи мусиқиву зиндагиро тарк кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0