23:12 22 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1348004

Имрӯз Баҳром Ғафурӣ, овозхони маъруфи тоҷик, дар синни 44 – солагӣ бар асари як садами нақлиётӣ даргузашт

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Бино бар иттилои наздикони овозхони машҳури тоҷик, ҷасади Баҳром Ғафурӣ баъд аз маросими ҷаноза дар қабристони Ҳазрати Мавлоно дар маҳаллаи "Нӯҳум километр"-и Душанбе ба хок супорида шуд. 

“Баҳром Ғафурӣ, субҳи имрӯз дар қабристони Ҳазрати Мавлоно, воқеъ дар маҳаллаи "Нӯҳум километр"-и шаҳри Душанбе, канори чапи шоҳроҳи Душанбе - Ваҳдат  ба хок супорида шуд”, - гуфт ба Sputnik Тоҷикистон яке аз дустони Баҳром Ғафурӣ.

Ёдрас мешавем, ки садамаи маргбор санаи 7-уми августи соли равон, тахминан соати 04:00 шаб рӯх додааст.

Бино бар иттилои ВКД ронандаи автомашинаи тамғаи “Ланд-крузер-200”, рақами қайди давлатиаш 01-57JJ01, Анварзода Ислом Қурбон, соли таваллудаш 1991, муовини Прокурори ноҳияи Фирдавсӣ, дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе суръати автомашинаро баланд карда, ба автомашинаи тамғаи “Камаз” бархӯрдаааст. .

Ба иттилои мабаъ,  дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи мазкур Баҳром Ғафурӣ, соли таваллудаш 1976, сароянда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки худи ронанда Анварзода И.Қ. ва мусофири дигари автомашина Зарипов Баҳодур, соли таваллудаш 1986, сокини деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Баҳром Ғафурӣ 29 феврали соли 1976 дар деҳаи Ҳазрати Мавлонои ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ Ленин) таваллуд шуда, хатмкардаи факултаи иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.

Баҳром Ғафурӣ яке аз сарояндагони шинохта дар давоми 20 соли охир дар саҳнаи эстрадаи тоҷик ба ҳисоб мерафт. Ӯ дар байни мухлисон бо суруди “Муҳоҷирбача” ва “Орзу” машҳур гардида буд.

Дар тӯли фаъолияти эҷодиаш 10 албомро ба мухлисон эҳдо кардааст. Солҳои охир дар бандубаст ва офаридани филмҳои ҳунарӣ низ саҳм мегузошт. Яке аз қаҳрамонҳои марказии филми овозадори “Сукут” ба ҳисоб мерафт. Филми охироне, ки Баҳром дар он нақш офарида буд, филми “Риё” буд, ки соли 2019 рӯйи пардаи синамо баромад.

Чандин маротиба аз сӯи созмонҳои мусиқӣ унвонҳои “Ситораи сол” ва “Овозхони беҳтарин” – ро ба даст овардааст. Моҳи ноябри соли 2009 дар озмуни Big Apple music Awards “Овозхони беҳтарини мард” эълон шуд.

Барчаспҳо:
марг, овозхон, ба хоксупорӣ, ба хок супоридан, ҷасад, Маросими дафн ва видоъ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ