13:35 28 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
359810

Ҳамагӣ се рӯз пеш ҳунарманд дар саҳифаи иҷтимоӣ хабар додааст, ки дар тараддуди нашри суруди нав аст. Ӯ дар ин таронаи ғамгинаш аз хонаи холие нола мекунад

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Имрӯз, 7 август дар пайи як садамаи мудҳиш сарояндаи нотакрор Баҳроми Ғафурӣ даргузашт. Ин хабар ҳазорҳо мухлиси ҳунармандро чи дар дохили Тоҷикистон ва чи дар берун аз он ғамгин кард. Sputnik Тоҷикистон машҳуртарин таронаҳои Баҳром Ғафуриро ба ёд меорад.

Ҳунарманд солҳои 2000-ум бо таронаи "Парешон шудаи ай дил" шӯҳрати беандоза ба даст овард ва вориди шоу-бизнес шуд. 

Ҳамин тавр, таронаҳои Баҳром Ғафурӣ зуд хит мешуданд ва ӯ борҳо дар озмуни "Суруди сол" иштирок намудаву ҷоиза гирифтааст. Суруди "Фариштамоҳ" яке аз онҳост.

Ҳамчунин, овозхон чанд маротиба дар озмуни байналмилалии Big Music Awards  ҳунарнамоӣ кардааст. Ӯ ҷоизаҳои ин озмунро солҳои 2009, 2011 ва 2014 ба даст овардааст.

 

Ҳамагӣ се рӯз пештар Баҳром Ғафурӣ дар саҳиаи Истаграмаш хабар дод, ки дар тараддуди нашри суруди наваш аст. Аммо тақдир ба ӯ даст надод, ки ин таронаро пурра мунташир кунад.

Қисме аз тарона дар саҳифаи иҷтимоии ҳунарманд нашр шудааст.

Ӯ зоҳиран ин таронааро низ ба муҳоҷират бахшидааст. Дар он ҳунарманд аз хонаи холие шикоят мекунад, ки бе нафари наздик мисли зиндон аст.

"Хона холист, хонаи мо, хонаи қашангу зебо, хона холист ҳама сарсон, хона бе ту мисли зиндон", шиква мекунад вай дар тарона.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

💫Taraddudi surudhoi nav💫 @bakha84 @hasan_madudov

Публикация от 𝐁𝐀𝐇𝐑𝐎𝐌 𝐆𝐇𝐀𝐅𝐔𝐑𝐈 (@bahrom_ghafuri_official)

Баҳром Ғафурӣ яке аз ситораҳои дурахшони саноъати мусиқии тоҷик тайи 20 соли ахир буд, ки бо услуби хосу садои нотакрор беш аз 10 албомро ҳадяи мухлисонаш кардааст.

Дар миёни мардум албумҳои ӯ “Милоди орзу”, “Ошиқи рӯят” ва “Муҳоҷирбача” маҳбубияти хос доранд. Баҳром Ғафурӣ 29 феврали соли 1976 дар деҳаи Ҳазрати Мавлонои ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ Ленин) таваллуд шуда, хатмкардаи факултаи иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.

Мавзӯъҳои асосӣ