15:13 26 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.26
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
47610

Ҳамчунин ба ин қишри осебпазир аз номи раисҷумҳур асобағал, асобағали такягоҳӣ, дастгоҳи шунавоӣ ва таҷҳизоти роҳравӣ барои кӯдакони маюб, ҳамчунин маблағҳои пулӣ тақдим гардид

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Кӯмакҳои раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба қишри осебпазири ҷомеаи ноҳияи Ванҷ дастрас гардид, аз ҷумла президент ба маъюбони ноҳия аробача фиристодааст. Дар ин бора нашрияи "Садои мардум" гузориш медиҳад.

Гуфта мешавад, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати кишвар ва вазорату идораҳои масъули мамлакат дар ноҳияи Ванҷ ба 59 нафар маюб кумакҳои президентро  расониданд.

"Онҳо аз 14 аробачаи маюбӣ, 10 асобағал, 11 асобағали такягоҳӣ, 12 дастгоҳи шунавоӣ ва 6 таҷҳизоти роҳравӣ барои кӯдакони маюб иборат буданд. Ҳамчунин, ба маъюбони гурӯҳи якум ба маблағи 1500 сомонӣ ва гурӯҳи дуюм 1000 сомонӣ тақдим гардид", - тавзеҳ медиҳад нашрия.

Манбаъ афзудааст, дар маҷмӯъ, ба 122 нафар табақаи эҳтиёҷманди ноҳия кумак расонида шуд.

 

Мавзӯъҳои асосӣ