07:05 22 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
232 0 0

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, ҳарорат ба 35+40 дараҷа мерасад. То 15 августи соли равон дар ғарбии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ноҳияҳои Ишкошим, Шуғнон ва Ванҷ) эҳтимоли бавуҷудоии селҳои пиряхӣ дар назар аст.

ДУШАНБЕ, 11 авг – Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад.

Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 13+18 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 3+8 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  камабр ва дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст.

Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8+13  ва рӯзона 23+28дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати  3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 13-18 метр дар як сония вазида, чангу ғубор боқӣ мемонад.

Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 16+21 ва рӯзона 29+34  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр  ва тағйирёбанда шуда, бориши нисбатан сусти марҳилавӣ пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад. 

Ҳаво  дар водиҳо  шабона 17+22 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 12+17 ва рӯзона 28+33 дараҷа  гарм мешавад.

Борони сел ва то 44 дараҷа гармӣ: ҳушдори Ожонси ҳавошиносӣ аз номусоидии ҳаво

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво камабри  бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 17+19 ва  рӯзона 35+37 дараҷа гарм мешавад.

 

 

 

 

 

Мавзӯъҳои асосӣ