Тоҷикистон боз ҳудуди 200 шаҳрвандашро баргардонд

CC BY-SA 2.0 / Anna Zvereva / Somon Air, P4-TAJ, Boeing 737-93Y ERСамолет компании "Сомон Эйр", архивное фото
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
30 июл, 261 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Қазоқистон ба Ватан баргардонида шуда буданд. Ин шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бинобар баста будани марзҳо дар гузаргоҳи "Жибек Жоли"-и дармонда буданд

ДУШАНБЕ, 11 авг – Sputnik. Дар партави дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи Қазоқистон 182 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз Алмато ба Душанбе баргардонида шуданд.

Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Парвози махсус: Тоҷикистон ҳудуди 200 шаҳрвандашро аз Қазоқистон баргардонид

Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Қаблан, 30 июл, 261 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ватан баргардонида шуда буданд.

Ин шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бинобар баста будани марзҳо дар гузаргоҳи «Жибек Жоли»-и сарҳади давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон муваққатан дармонда буданд, бо нақлиёти автомобилӣ ба Ватан интиқол дода шуданд.

Парвози махсус: бештар аз сад шаҳрванди Тоҷикистон аз Укроин баргаштанд

Бояд гуфт, ки аз 16 марти соли 2020 бинобар эълон гардидани вазъияти фавқулода дар Қазоқистон ва ҷорӣ шудани чораҳои маҳдудкунанда дар Ӯзбекистон бар асари пандемияи COVID-19 барои ворид шудан ба ҳудуди ин ду кишвар маҳдудиятҳо ҷорӣ шудаанд.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ,дар давраи пандемияи COVID-19 16 ҳазору 40000 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла 10 ҳазору 623 нафар тариқи роҳҳои ҳавоӣ ва 5 ҳазору 777 нафар тариқи роҳҳои заминӣ ба Ватан оварда шуданд. Онҳо бо сабаби қатъ шудани парвозҳои байналмилалӣ дар кишварҳои хориҷӣ дармонда буданд.

 

Лентаи хабарҳо
0