10:45 24 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.26
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
97902

Номбурда дар дохили маркази дилхушии “Шоми Хатлон”, бо ҷавони 26-солаи сокини ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Вахш аз рӯи хусумати пешина баҳсу муноқиша намудааст

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки зимни муноқиша ва кордкашӣ дар клуби "Шоми Хатлон"-и Бохтар як тан ҳалок шудааст.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 24-солаи сокини шаҳри Бохтар бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд, менависад манбаъ.

Санаи 12-уми августи соли 2020, тахминан соати 02:00, номбурда дар дохили маркази дилхушии “Шоми Хатлон”, воқеъ дар кӯчаи Кайҳоннавардон, ҳангоми дар ҳолати мастӣ қарор доштанаш бо ҷавони 26-солаи сокини ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Вахш аз рӯи хусумати пешина баҳсу муноқиша намудааст.

"Онҳо якдигарро лату кӯб намуда, саранҷом гумонбаршаванда бо корд ба бадани ҷабрдида 10-маротиба задааст", - тавзеҳ медиҳад ВКД.

Дар натиҷа охирин ҷароҳати вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

 

Мавзӯъҳои асосӣ