04:47 27 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.23
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
112801

Эстакадаи сесатҳа, ки дар шаҳри Душанбе тоза мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, мушкили мавҷударо коҳиш дода натавонист

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Мушкилоти умдатарин дар роҳҳои мошингарди пойтахт, ин тамбашавии нақлиёт ва нақзи қавонини ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагон мебошад.

Раёсати Вазорати умури дохила дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки бо вуҷуди ба истифода додани эстакадаи сесатҳа, ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ ҳамоно дар ҷойҳои муқаррарнашуда мусофиронро мефароранд ва ё савор мекунанд.

Манбаъ меафзояд, бо ҳамин кори худ ронандагон ҳолати садамавиро ташкил медиҳанд ва ҳамзамон ҷони мусофиронро дар хатар мемонанд.

Дар навор қонуншиканиҳои ронандагони мусофирон баръало нишон дода шудааст.

Мусофироне, ки дар ҷойҳои муқаррарнашуда аз нақлиёт берун мешаванд, гулгаштҳои сари роҳро зер намуда, меҳнати нафароне, ки дар ободии пойтахт саҳмгузорӣ мекунанд, поймол менамоянд.

Гузашти худравҳо аз эстакадаи нави Душанбе, ки имрӯз ифтитоҳ шуд - 15 акс

Дар ҳамин ҳол, ронандагон иллати манъ кардан дар чунин ҷойҳоро бори мусофирон мекунанду мусофирон бошанд ҳамаи айбро ба ронандаҳо ҳавола мекунанд.

Зимнан, кормандони БДА бо ронандагону мусофирон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда, барои дигарбора содир накардани ин амалашон ба онҳо ҳушдор доданд.

Гузашта аз ин, даҳҳо ронандагон барои таваққуф кардани дар ҷойҳои муқаррарношуда ҷаримабандӣ шуданд.

Барчаспҳо:
навор, пиёдагард, ронанда, қонуншиканӣ, Душанбе, БДА

Мавзӯъҳои асосӣ