02:48 27 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
537121

Чуноне дар навор дида мешавад як духтар бо ду ҷавон ба тани ин писарбача либоси чакани духтарона пушонида, рӯяшро ҳамчун духтар бо маҳсулотҳои ороишӣ рангубор намуда, бар замми ин дар сараш тухм мешикананд

ДУШНБЕ, 13 авг — Sputnik. Пулиси шаҳри Душанбе ду ҷавон ва як занро барои "пранк"-и ғайриахлоқияшон баздошт намуда, ҳабс ва ҷарима кардаанд.

Тавре РВКД Душанбе гузориш додааст, 11-уми августи соли ҷорӣ дар як қатор сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳолати аз ҷониби 2-3 нафар ашхоси ба ном "блогер" мавриди масхараву мазаммат қарор гирифтани як наврас инъикос ёфтааст.

"Ин амалу кирдори ноҷавонмардонаи ин блогерон мавриди вокуниши шадиди шаҳрвандону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ қарор гирифта, ҳамзамон як қатор корбарон аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуданд, то пеши роҳи чунин бетартибӣ гирифта шуда, нисбати онҳо чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад", - менависад манбаъ.

Воқеан чуноне дар навор дида мешавад як нафар ҷавонзан бо ҳамроҳии ду нафар ҷавонмард ба тани ин писарбача либоси чакани духтарона пушонида, рӯяшро ҳамчун духтар бо маҳсулотҳои ороишӣ рангубор намуда, бар замми ин дар сараш тухм мешикананд.

Дар давоми ин ҳама кирдорҳои зиддиқонунӣ "блогерҳо" наврасро ба масхара мегиранд, ки “ранги арӯси замонавӣ шуд”, “мо арӯс кофта гашта будем”, “гап нест дар ин арӯс” мегӯянд.

"Дар натиҷаи пешбурди корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ омодакунандагон ин навор муайяну дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуданд. Аз ҷумла инҳо Хоҷаев Аҳлиддин Зайниддинович, Муҳаммадиев Акбар Одилович ва Кулиева Матлуба Баҳодуровна мебошанд", -  тавзеҳ медиҳад РВКД ДУшанбе.

Зимни таҳқиқи ҳодисаи мазкур муайян карда шуд, ки банаворгирии "пранк"-и ғайриахлоқӣ ва дур аз фарҳангу маданияти тоҷикона бо маслиҳати пешакӣ ва розигии худи писарбачаи ноболиғ Д.Ф, соли таваллудаш 2006 сабт карда шуда, охирон яке аз хешовандони наздики боздоштшуда Хоҷаев Аҳлиддин ба ҳисоб мерафтааст.

Милиция Душанбе задержали трех блогеров
Милиция Душанбе задержали трех блогеров

Бо назардошти ҳолатҳои мазкур барои поймол намудани ҳуқуқҳои ноболиғ, ба таври оммавӣ паст задани шаъну шараф ва мавриди масхараву мазаммат қарор додани писарбачаи ноболиғ, ки муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" вайрон гардидааст.

Нисбати ҳамаи боздоштшудаҳо парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори Суд Хоҷаев Аҳлиддин ва Муҳаммадиев Акбар ба муҳлатҳои 5 ва 7 шабонарӯзӣ ба ҳабс гирифта шудаанд.

Илова бар ин, бо назардошти дар тарбияи шаҳрванд Кулиева Матлуба мавҷуд будани кудаки ноболиғ, нисбаташ шартан ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 406 сомонӣ таъин карда шудааст.

 

Мавзӯъҳои асосӣ