13:12 25 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
129 0 0

Тибқи таҳлилҳои мутахассисон ва таҷрибаҳои анҷомдодашуда дар аксар мавзеъҳои шаҳри Кӯлоб бо кандани чоҳҳои амудӣ оби аз ҷиҳати экологӣ тоза ва қобили истеъмол баровардан мумкин аст

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Дар назди Муҷтамаи 2700-солагии шаҳри Кӯлоб 1 адад чоҳи амудӣ мавриди истифода қарор дода шуд, гузориш медиҳад "Ховар".

Манбаъ менависад, айни замон  корҳои сохтмонӣ  барои бунёди  7 адад чоҳҳои амудии дигар ҷараён дошта, бо анҷоми онҳо наздики 20 ҳазор нафар сокинони шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокӣ пурра таъмин мегарданд.

"Бояд гуфт, ки чоҳҳои амудӣ дар нуқтаҳое канда шуда истодаанд, ки ҳар кадом барои ба об таъмин намудани як минтақаи муайяни ҳудуди шаҳр равона карда мешаванд", - менависад манбаъ.

Аз ҷумла, 3 адад чоҳе, ки айни замон дар маҳаллаи Тутои ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Муъминобод канда шуда истодаанд, барои беҳтар намудани таъминоти оби нӯшокии маҳаллаҳои А.Ҷомӣ, С.Вализода, Теболай, Боғи Ҳабиб, Тудакафш, Дӯстӣ ва як қисмати маҳаллаи 1-уми май равона шуда, эҳтиёҷоти 7450 нафар аҳолиро қонеъ мегардонад, афзудааст хабаргузорӣ.

Ширин Исматуллозода боз бо дастури президент ба сафар баромад: ин дафъа ба Кӯлоб рафт

Баъди ба истифода додани  1 адад чоҳи амудӣ дар деҳаи Тудакафш сокинони маҳаллаҳои 11, маҳаллаи 8 ва  А. Ҷомӣ, ки  3506 нафар аҳолиро дар бар мегиранд, бо оби нӯшокӣ таъмин мешаванд.

 1 адад чоҳи амудие, ки  дар назди собиқ таваллудхонаи вилоятӣ сохта мешавад,  барои беҳтар намудани таъминоти оби нӯшокии маҳаллаҳои Ҷ. Алӣ, Пушкин ва қисмати аз 1 майи шаҳр, ки 3879 нафар аҳолӣ доранд, мусоидат менамояд.

Айни замон   сохтмони 1 адад чоҳи амудӣ дар назди Корхонаи коммуналии шаҳр идома дошта, он барои беҳтар намудани таъминоти оби нӯшокии кӯчаҳои Ҳисориён, Маҳмадӣ Ҳакимов Бозорӣ, Фрунзе ва қисме аз маҳаллаи С. Даминзода, ки  зиёда аз 1943 нафар аҳолӣ доранд, пешбинӣ гардидааст.

Ҳамчунин  дар ҳудуди Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб низ кандани 1 адад чоҳи амудӣ  дар назар дошта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки   моҳи гузашта  бо  саҳми  зодагони шаҳри Кӯлоб — Мансурҷон Умаров ва Ҳикматулло Фатоҳов, ки айни замон сокинони шаҳри  Душанбе мебошанд, ба маҳаллаи Лоҳутӣ  хати нави оби тозаи ошомиданӣ кашида шуд.

Сокинони маҳаллаи Лоҳутӣ  солҳо аз норасоии оби тозаи нӯшокӣ танқисӣ мекашиданд.Сокинони маҳалла аз Мансурҷон Умаров ва Ҳикматулло Фатоҳов миннатдоранд, ки ин мушкили онҳоро осон гардониданд.

Мавзӯъҳои асосӣ