13:59 28 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
121502

Сокинони деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич дар пайи тадобири дастаҷамъона бо мақомоти маҳаллӣ тавонистаанд "вируси корона" – ро "фирор" диҳанд. Қаблан нозирони аҳвол аз гирифтории даҳҳо нафар ва эҳтимоли пеш омадани як фоҷиаи инсонӣ дар ин деҳа суҳбат мекарданд

 ДУШАНБЕ, 13 август — Sputnik. Як манбаъ дар Шифохонаи ноҳиявии Деваштич ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, аз 17 сокини ин деҳа, ки бо гумони гирифторӣ ба "вируси корона" бистарӣ шуда буданд, ҳамагӣ ба по шуда, ба хонаҳояшон баргаштаанд.

"Аз чор ҳолате, ки бино ба ташхиси озмоишгоҳи шаҳри Хуҷанд, мусбат арзёбӣ шуда буданд, ҳамагӣ сиҳат ёфта, ташхиси такрории онҳо манфӣ баромадааст. Бақия 13 нафар пас аз як муолиҷаи кутоҳ рухсат шуданд. Ҳоло дар Басманда ягон ҳолати мусбат ва ҳатто маризи миёнаи вазнин нест", - гуфт ин манбаъ.

Қаблан манобеъи Sputnik Тоҷикистон аз чор мавриди мусбат ва гирифтории даҳҳо нафар дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич хабар дода буданд. Он замон вазъи аксари гирифторон миёна арзёбӣ мешуд, зеро бо вуҷуди бархе аломоти "вируси корона" ҳарорати бадани онҳо аз 39 дараҷа боло набудааст.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, ҳудуди 60 пизишку мутахассиси шифохонаи марказии ноҳия, ҳамчунин шифохонаи минтақаии Калининобод ва худи духтурони деҳа барои назорати вазъ дар деҳа эъзом шуда буданд.

Таъйиноти кадрӣ дар Суғд: Орипов сардори Идораи санитарию эпидемиологӣ шуд

Яке аз ин пизишкон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, талошҳои онҳо ва ҳам мардум барои ҷилавгирӣ аз густариши "вируси корона" тайи даҳ рӯз натиҷаҳои мусбати худро ба бор оварданд. 

"Дар ин миён тамоми онҳое, ки дар хонаҳояшон ба гумони гирифторӣ ба "вируси корона" таҳти назорати мо қарор доштанд, пурра шифо ёфта, як-ду нафари дигар боқӣ мондаанд, ки дар як – ду рӯзи дигар ба по хоҳанд шуд", - гуфт ин пизишк.

Ба қавли ҳамсӯҳбати мо, пирӯзии зудҳангоми ин деҳа бар маризии ҳамагир бар иловаи талошҳои шабонарӯзии пизишкони деҳаву ноҳия, аз иттиҳоди бесобиқаи мардум дар мубориза бо ин маризӣ низ вобастагӣ дошт.

Ба қавли ӯ, талошҳои муштараки мардуму мақомот боиси "фирор" - и ғайримунтазира ва бесобиқаи "вируси корона" аз Басманда шудааст.

Рӯ ба коҳишёбӣ ниҳодааст: омори нави коронавирус дар Тоҷикистон

Басманда бузургтарин деҳаи ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) буда, дар 30 – километрии Ғончӣ, маркази ноҳия ҷойгир аст ва беш аз 12 ҳазор сокин дорад.

Аксари мардуми ин деҳа бо кишоварзӣ машғуланд ва мутахассисон бар инанд, ки боду ҳавои тозаи кӯҳистонӣ ва меҳнати сангини ҷисмонӣ мӯҷиби қавӣ шудани масъунияти бадани мардуми Басманда шуда, нагузоштааст, ки "вируси корона" ба таври маъмулӣ густариш ёбад.

Мавзӯъҳои асосӣ