14:14 28 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
341 0 0

Мирзошариф Ғафуров, куҳансарбози Ҷанги Бузурги Ватанӣ, сокини 101- солаи деҳаи Рӯмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров имрӯз дар манзили зисташ аз олам даргузашт

ДУШАНБЕ, 14 авг – Sputnik. Мирзошариф Ғафуров то лаҳзаи даргузашташ шикояти ҷиддие аз саломатӣ надошт, гуфт Мирзотоҳир Ғафуров, писари марҳум дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

 “Ягон шикояти ҷиддӣ аз вазъи саломаташон надоштанд, бо амри тақдир субҳи имрӯз дар синни 101-солагӣ ҷон ба Ҷонофарин супурданд”, - гуфт Ғафуров.

Маросими ҷанозаи марҳум имрӯз дар қабристони ба номи Балодуркуни ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир шудааст.

Мирзошариф Ғафуров 7-уми январи соли 1919 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Дар моҳи майи соли 1940, замоне, ки ӯ ҳанӯз 18-сола буд ва дар курси дуюми факултаи физикаю математикаи омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Хуҷанд ба номи С.М. Киров (ҳоло ДДХ ба номи ак. Б. Ғафуров) таҳсил мекард,  ба хизмати аскарӣ даъват шуд ва бо ҳамин хизмати ӯ дар сафи аскарӣ 9 сол давом кард.

Ӯ аз оғози ҶБВ  борҳо дар миёни дуду оташи ҷанг қарор гирифт ва бо инояти Худованд саломат ва бо сари баланди пирӯзӣ бар фашизм ба хона баргашт.

“Барои хизмати сарбозӣ маро ба шаҳри Кушкаи Туркманистон фиристоданд. Он вақт ҳама ҷо тинҷу амон ва арзонию фаровонӣ буд. Ҳеҷ кас намедонист, ки ин ҳама осудаҳолӣ баъд аз як сол ба як вазъи беамону нобасомон табдил меёбад ва чи гуна осмони софро дуду оташи ҷанг ғуборолуд мекунад”, - нақл карда буд Ғаффуров қаблан дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Мирзошариф Ғафуров барои шуҷоатмандӣ дар замони ҶБВ бо даҳҳо медалу мукофот қадршиносӣ гардидааст.

Соли ҷорӣ дар арафаи 75 – солагии Иди Ғалаба? Ғафуров дар қатори дигар иштирокчиёну собиқадорони ҷанг бо медали “75 -солагии Ғалаба дар ҶБВ,  1941-1945 сол”-и Федератсияи Русия сарфароз сарфароз гардонида шуд.

Барчаспҳо:
Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аз дунё даргузашт, ҷанг, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ