Аввалин номзад ба президентии Тоҷикистон маълум шуд

© SputnikРустам Латифзода, раиси ҳизби аграрии Тоҷикистон
Рустам Латифзода, раиси ҳизби аграрии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳизби аграрии Тоҷикистон номзади худро ба интихоботи президентӣ пешниҳод кард

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Рустам Латифзода, раиси ҳизби аграрии кишвар аввалин номзад ба президентии Тоҷикистон эълон шуд.

Парламентские выборы в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Ватанзода 4 сабаби таъйини интихобот дар октябрро гуфт

Зайниддин Сафаров, муовини раиси ҳизби аграрии Тоҷикистон ва намояндаи Маҷлиси намояндагон дар анҷумани ғайринавбатии ҳизб номзадии Рустам Латифзода, раиси ин ҳизбро пешниҳод кард.

Гуфта мешавад, ӯ бидуни алтернатива ва рақиб танҳо худашро пешниҳод ва бо як овоз дастгирӣ пайдо кард.

Ҳамин тавр Ҳизби аграрии Тоҷикистон номзади худро ба интихоботи президентӣ пешниход кард.

Рустам Латифзода - аввалин номзад ба президентии Точикистон дониста мешавад.

Дар ҳоли ҳозир, дигар ҳизбҳо сиёсии Тоҷикистон номзади худро барои курсии президенти Тоҷикистон пешниҳод накардаанд.

Лентаи хабарҳо
0