01:10 27 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Интихоботи президентӣ - 2020 (29)
142901

Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар анҷумани ғайринавбатии ҳизби аграрии Тоҷикистон Зайниддин Сафаров, муовини раиси ин ҳизб ва намояндаи Маҷлиси намояндагон номзадии Рустам Латифзода, раиси ин ҳизбро пешниҳод кард ва он бо як овоз дастгирӣ пайдо кард

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Латифзода Рустам Барот, раиси ҳизби аграрии Тоҷикистон аз моҳи марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Гуфта шудааст, ки ӯ 27 ноябри соли 1960 дар ноҳияи Восеъ вилояти Кӯлоб ба дунё омадааст.

Дорои мълумоти олист. Рустам Латифзода солҳои 1984 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон ва соли 1990 Донишкадаи кӯҳшиносии шаҳри Ленинград (имрӯз Санкт-Петербург)-ро хатм кардааст.

Ихтисосаш муҳандис -гидротехник, муҳандис эколог.

Ӯ ҳамчунин узви вобастаи Академияи муҳандисии Тоҷикистон  мебошад.

Рустам Латифзода оиладор соҳиби чаҳор фарзанд мебошад.

Гуфта мешавад, ки ҳамсари номзад ба президентии Тоҷикистон Раҳмонова Дилором, соҳибкор мебошад.

Фарзандони Рустам Латифзода дар ширкатҳои тиҷорати ва мақомҳои давлатӣ кишвар кору фаъолият мекунанд.

Аз ҷумла, писари калонии ӯ Латипов Ҷовид, корманди ширкати IRS, фарзанди дигари ӯ Латифзода Наврӯз дар вазорати корҳои хориҷӣ ба ҳайси консули Тоҷикистон дар Амрико фаъолият мекунад.

Фарзанди дигари ӯ Зебунисои Рустам, корманди бонки тиҷоратии “Арванд” мебошад ва фарзанди хурдӣ Латипова Меҳринисо донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Ҳамзамон қайд шудааст, ки фаъолияти кориро Рустам Латифзода  аз соли 1984 ба ҳайси муҳандис, муҳандиси калони Колонаи механиконидашудаи сайёри 31, муассисаи сохтмони махсуси “Тоҷикводстрой” оғоз кардааст.

Сипас соли 1989 ба ҳайси сармутахассис, сардори шуъбаи Кумитаи давлатии ҳифзи табиати Тоҷикистон кор кардааст.

Аз солҳои 1993 то 2001 мутахассис, сармутахассиси шуъбаҳои Коплекси агросаноатӣ шуъбаи экология ва ҳолатҳои фавқулоддаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон кор  кардааст.

Пас аз соли 2001 то соли 2004 дар вазифаи муовини аввали вазири ҳифзи табиати Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Солҳои 2004 - 2006 ба ҳайси муовини раиси Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Тоҷикистон кор кардааст.

Аз соли 2006 то 2007 ба ҳайси Директори Маркази илмию тадқиқотии ҳифзи захираҳои оби Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Тоҷикистон фаъолият дошт.  

Аз соли 2007 то 2008 сардори Хадамоти назорати давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи табиати Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Тоҷикистон ва аз соли 2008 то соли 2010 ба ҳайси сардори Раёсати захираҳои об, илм ва техникаи Вазорати мелиолратсия ва захираҳои оби Тоҷикистон кор кардааст.

Дар соли 2010 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати чаҳорум интихоб гардид.

Ҳамчунин Рустам Латифзода аз соли 2013 то соли 2014 дар вазифаи раиси ноҳияи Восеъ, вилояти Хатлон кор кардааст.

Дар соли 2015 вакили Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум интихоб шуд.

Мавзуҳо:
Интихоботи президентӣ - 2020 (29)
Барчаспҳо:
анҷуман, пешниҳод, ҳизб, президентӣ, интихобот, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ