22:40 27 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
397 0 0

Ширинов ва чанд тан аз ҳаммаслакони ӯ, ки ба хариду фурӯши маводи мухаддир машғул буданд, соли 2016 дастгир гардиданд. Аммо Ширинов тавонист аз кормандони пулис паноҳ барад ва соли ҷорӣ ӯ низ боздошт шуд

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Суди ҳарбии гарнизони Душанбе ҳукми охирин аъзои гурӯҳи нашъаҷаллобонро содир намуд.

Номбурда Ширинов Қурбоналӣ мебошад, ки бо маслиҳати пешакӣ бо Носиров Ҷ.Н. ва дигарон дар содир намудани ҷиноятҳои махсусан вазнин даст доштаанд.

Наҷӯед: 40 ҳазор доллар пора барои халосии саркардаҳои нашъаҷаллобон - видео

Ба иттилои котиботи Прокуратураи Тоҷикистон, миёнаҳои моҳи ноябри соли 2016 Ширинов Қ.А., Носиров Ҷ.Н. ва Сарбозов Д.М. дар назди бозори марказии шаҳри Кӯлоб вохӯрда, барои дарёфт ва интиқоли маводи мухаддир нақшаи ҷинояткорона тарҳрезӣ намуданд.

Ба ин гурӯҳи нашъаҷаллобон мебоист шаҳрванди афғонистон маводи мухаддир дастрас мекард.

"Шаби 2-юм ба 3-юми декабри соли 2016 тахминан соатҳои 02 ба 03 Камолиддин валади Тутӣ дар якҷоягӣ бо аъзоёни гурҳии ҷиноятии худ аз ҳисоби шаҳрвандони ҶИА бо силоҳҳои оташфишон мусаллаҳ гардида, 4 адад борхалтаҳои воситаҳои нашъадори навъҳои "Ҳашиш", "Афюн" ва "Бангдонаи хушконда" доштаро бо худ гирифта, бо роҳи қочоқ ғайриқонунӣ аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузарониданд. Тибқи маслиҳати пешакй воситаҳои нашъадори қабулнамудаашонро ҷинояткорон ба самти ноҳияи Ҳамадонӣ интиқол доданд", - таъкид мешавад дар хабар.

Зимнан, кормандони ҳифзи ҳуқуқ маводи интиқолдодаро рӯзи 5 - уми декабри соли 2016 аз болои боми як сокини Ҳамадонӣ дарёфту мусодира карданд.

Дар умум 63 кг 492 грамм воситаи нашъадори "Ҳашиш", 2 кг 640 грамм "афюн" ва 1 кг 520 грамм "Бангдонаи хушконидашуда" будааст.

Суҳбати Шерхон Салимзода: эълони номи саркардаҳои нашъаҷаллобон ва амалиёти бонкии онҳо

Манбаъ мегӯяд, Ширинов он замон тавонист фирор кунад ва ӯро ахиран 4 - уми феврали соли 2020 боздошт карданд. 

Бо ҳукми суди ҳарбии гарнизони Душанбе, Ширинов Курбоналӣ Ашурович бо моддаҳои 200 қ. 4 б. "д", 289 қ. 2 ва 335 қ. 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуд.

Ширинов ба мӯҳлати 13 сол дар колонияи ислоҳии низомаш сахт равона шуд.

Барчаспҳо:
маҳкум, нашъаҷаллобӣ, зиндон

Мавзӯъҳои асосӣ