13:25 21 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
274710

Сафири Эрон дар Тоҷикистон дар паёме даргузашти Гулназар Келдӣ, нависанда, шоири шаҳир ва сарояндаи суруди миллии Тоҷикистонро таслият гуфт

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории “Парстудей”, Муҳаммадтақии Собирӣ дар ин паём изҳор дошт, ки бо даргузашти Гулназар Келдӣ, ҷомеаи илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистон яке аз шахсиятҳои худро аз даст дод.

“Ин муҳаққиқи номошнои тоҷик, даврони умри пур хайру баракаташро дар ҷиҳати эътилои забон ва адаби муштаракамон сипарӣ намуд ва осор ва ёдгорҳои арзишманди ӯ дар ҳавзаи адабиёти порсӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Эрон низ бисёр шинохташуда ва мавриди таваҷҷуҳ мебошад”, афзудааст сафири Эрон дар Тоҷикистон.

Собирӣ афзуд, инҷониб зимни арзи таслият ба бозмондагон, миллат ва кишвари дӯст ва ҳамфарҳанг ва ҳамзабони Тоҷикистон, аз Худованди бузург барои он марҳум оромиши абадӣ ва ҷаннати маконӣ ва барои бозмондагонаш сабру шикебоӣ орзу мекунам.

Гулназар Келдӣ, шоири мардумии Тоҷикистон дар сентябри 1945 дар минтақаи Айнии вилояти Суғд ба дунё омад ва 24 сол дошт, ки нахустин маҷмӯаи ашъораш бо нома «Расми сарбозӣ» интишор ёфт ва мавриди истиқболи шоирони замон воқеъ шуд.

Дастархон, Нардабон, Ағба, Паҳно, Лангар, Пайи дарё ва Ҷашми нигин аз ҷумла маҷмӯаи шеърҳои мунташиршудаи Гулназар Келдӣ ҳастанд.

Гулназар Келдӣ аз ҷумлаи саршиностарин шоирони Тоҷикистон буд, ки ашъораш ба хатти форсӣ дар Эрон ва Афғонистон ба чоп расид ва шеърҳои чандин шоири машҳури русро низ ба форсии тоҷикӣ тарҷума кард.

Гулчине аз ашъори устод Гулназар Келдӣ бо номи «Забони ошиқӣ» ба кӯшиши марҳум Қайсари Аминпур, шоири барҷастаи муосири эронӣ, дар интишороти Сурӯши Эрон ба чоп расидааст.

Барчаспҳо:
сафир, паём, Гулназар Келдӣ, ҳамдардӣ, таслият, Эрон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ