12:33 23 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
135 0 0

Вазорат мегӯяд, ки аз даргузашти шоири мардумии Тоҷикистон, муаллифи Суруди миллӣ Гулназар Келдӣ сахт андӯҳгин аст

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз даргузашти шоири мардумии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ изҳори андӯҳ карда, ба наздикони шоири маҳбуби тоҷик  ҳамдардӣ кардааст. Дар ин бора дафтари матбуоти вазорат гузориш медиҳад.

"Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли фарҳангу ҳунари кишвар нисбати даргузашти Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ сахт андӯҳгин буда, ба пайвандони марҳум изҳори ҳамдардии амиқ мекунанд", - менависад манбаъ.

Ёдовар мешавем, ҳамагӣ чанд рӯз пеш Гулназар Келдӣ бо нишони маризии коронавирус бистарии беморхона гардида шуд ва ахиран рӯзи 13 - уми август ҷон ба Ҷонофарин супорид.

Марҳум чанд рӯз қабл дар сӯҳбат бо  Sputnik Тоҷикистон ба мардум насиҳат карда буд, ки "худатонро эҳтиёт кунед".

Он сӯҳбати шоир ба 11 август,  баъд аз хабари ба бемористон интиқол ёфтани шоир анҷом дода шуд. Гулназар Келдӣ, аз ҳамватанонаш хоҳиш карда буд, ки аз бемории ӯ  ташвиш накашанд.

Маросими видоъ бо устод Гулназар Келдӣ - навори муфассал

"Каме хастагиро эҳсос мекунам. Дар умум, вазъи сиҳатиам хуб аст. Ҳоло табобати профилактикӣ мегирам. Аз дӯстон хоҳиш мекунам, ки ташвиш накашанд, аммо худро сахт эҳтиёт кунанд”, - гуфта буд шоири халқии Тоҷикистон.

Мавзӯъҳои асосӣ