06:25 29 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.05
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Интихоботи президентӣ - 2020 (29)
517602

Абдуҳалим Ғаффорзода, вакили парлумон ва раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, гуфт, дар сурати пирӯзии номзади ҳизбаш дар интихоботи президентӣ чӣ корҳоеро анҷом хоҳанд дод

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Ғаффорзода эълон кард, ки ҳизбаш дар интихоботи президентии 11 октябр барои ба даст овардани ҳокимият иштирок мекунад.

Ӯ дар суҳбат бо ҳафтаномаи “Тоҷикистон” таъкид кардааст, ки бояд нафақаи пиронсолон зиёд бошад, маъюбону занони танҳо ба ғамхорӣ гирифта шаванд. Ҳоло нафақаи онҳо хеле кам аст.

“Ҳоло барои таъмини нафақаи як нафақагир бояд ду-дуюним нафар дар ягон завод ё фабрика кор кунад. Пас, бояд шумораи чунин корхонаҳоро афзоиш додан лозим”, - зарур донист раиси ҲСТ.

Роҳи дигари зиёд кардани даромади давлатро Ғаффорзода коркарди захираҳои табиӣ хонд.

“Бигзор дар дохили кишвар ва бо қувваи  мардуми мо боигариҳои табии мо коркард шаванд. Он гоҳ мо 75 фоизи даромадро ба хориҷиҳо намедиҳему он вориди буҷаи давлат мешавад. Роҳи сеюмаш, ин баланд бардоштани тафаккури техникии насли наврас аст. Вақте ки мо истеъдодҳои техникиро якҷо сарҷамъ карда, бо устодони забардаст таъмин мекунем, он гоҳ пешрафтро интизор шудан мумкин аст ва онҳо ба мардуми худ хизмат мекунанд”, - таъкид кардаст раиси ҲСТ.

Ваъдаҳои раиси ҲСТ дар сурати пирӯзӣ дар интихоботи президентӣ

Дар мавриди пешниҳодҳои пешазинтихоботияш Абдуҳалим Ғаффорзода изҳор дошт, ки мо ҳоло пешниҳод дорем, ки чун аҳолии пойтахт аз як миллион нафар убур кардааст,бояд дар Душанбе метро сохта шавад. 

“Мувофиқи релефи шаҳр он метавонад дар баъзе ҷойҳо метрои рӯизаминӣ ҳам бошад. Инчунин,  мо як пешниҳоди дигар дорем. Чун шаҳр ҳоло чаҳор дарвоза дорад, бояд он мошинҳое,ки аз минтақаҳо ба пойтахт меоянд, дар истгоҳи назди ҳамин дарвозаҳо таваққуф кунанд.  Агар ба шаҳр даромадан хоҳанд, бояд маблағи муайян супоранд. Он гоҳ ҳам тамбашавӣ камтар мешаваду ҳам ба буҷа маблағи иловагӣ ворид мегардад”, - тавзеҳ дод Ғаффорзода.

Ӯ афзуд, ки ҲСТ ҳизби ҳамаи қишрҳои ҷомеа мебошад ва зиёда аз нисфи аъзоёни ҳизб дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд.

Ғаффорзода иттилоъ додааст, ки ҳоло шумораи аъзои ҳизб зиёда аз 21 ҳазору 500 нафар мебошад.

Мавзуҳо:
Интихоботи президентӣ - 2020 (29)
Барчаспҳо:
интихобот, пирӯзӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ