Раҳмон дар бораи як бадбахтӣ: “Агар сулҳу оромӣ намебуд...”

Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба омӯзгорон ва волидайн маслиҳат дод, ки қабл аз ҳама ба мактабиёну ҷавонон чӣ омӯзанд

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, дар дунёи пурҳаводису ноороми имрӯза бар асари ҷангу низоъҳо, гуруснагиву фақр ва паҳншавии ҳар гуна бемориҳо садҳо ҳазор кӯдак имкони ба мактаб рафтану савод омӯхтан надоранд ва ҳазорон нафари дигар ба ҳалокат мерасанд.

 “Мувофиқи маълумоти СММ, дар ҷаҳон то оғози паҳншавии маризии Ковид-19 беш аз 250 миллион кӯдак аз имконияти рафтан ба мактаб маҳрум буданд. Дар бисёр давлатҳо даҳсолаҳо ба ин сӯ ҷангу низоъ идома дорад. Як бадбахтӣ ана ин аст. Миллионҳо кӯдак талаф мешаванд, на ин ки ба мактаб намераванд”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти анъанавии худ ба муносибати ҷашни Рӯзи дониш дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №102 – и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ки тоза бунёд шудааст, суҳбат мекард.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳур ва раиси шаҳр чанд иншооти навро ифтитоҳ карданд

Вай гуфт, онҳо дар навбати аввал бояд ба насли наврас ва ҷавонон таърихи фоҷиабор ва таҷрибаи талхи миллатро омӯзонанд ва онҳоро барои ҳифзу пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва боз ҳам мустаҳкам намудани давлати озоду собиҳистиқлоли Тоҷикистон омода созанд, зеро сулҳу оромӣ шарти муҳимтарини устуворӣ ва пойдории давлат, осоиши ҷомиа ва амалӣ шудани нияту орзуҳои хар як фард мебошад.

Дастури Эмомалӣ Раҳмон барои тоза кардани прокуратура ва судҳо аз “одамони тасодуфӣ”

“Агар сулҳу оромӣ намебуд, мо наметавонестем дар як сол то 200 300 муассисаи таълимии ҳозиразамон бунёд кунем. Худи ҳамин сол зиёда аз 150 муассисаи таҳсилоти умумии ҳозиразамон бунёд карда мешавад. Аз ин рӯ, мо бояд ба қадри сулҳу оромӣ расем”, - гуфт раисҷумҳури Тоҷикистон.

 “Дарси сулҳ” – аввалин дарс дар макотиби миёнаву олии Тоҷикистон ҳамасола 1 сентябр баргузор мешуд, аммо имсол бо қарори Ситоди ҷумҳуриявии ҷилавгирӣ аз “вируси корона” ё Ковид-19, имрӯз, 17 август баргузор шуд.

Тибқи иттилои вазорати маорифи Тоҷикистон, дар соли тахсили 2020 – 2021 Ба 3 ҳазору 884 муассисаи таҳсилоти умумии кишвар 232 ҳазору 208 (аз ҷумла 112 ҳазору 176 духтар) ба синфи якум рафта, шумораи умумии хонандагон ба 2 миллиону 035 ҳазору 158 нафар (аз чумла 981 ҳазору 280 духтар) расид.

Ҳамзамон 63 ҳазору 115 нафар унвони донишҷӯиро гирифта, теъдоди донишҷуён дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 227 ҳазору 026 нафар шуд.

Лентаи хабарҳо
0