17:02 26 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
4946 0 0

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо шӯрои омӯзгорон бо муаллими ҷавоне ҳамсӯҳбат шуда, аз вазъи оилавии вай пурсон шудааст

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози соли таҳсил бо намояндагони соҳаи маорифи Тоҷикистон, муҳассилини мактабҳои миёна дар толори мактаби навбнёди рақами 102 мулоқот кард.

Дар рафти ин мулоқот муаллими ҷавоне низ сухаронӣ намудааст ва президент бо ӯ сӯҳбати озод доир кардааст. Президент аз маоши вай пурсон мешавад ва дар пайи ин пурсишаш аз вазъи оилавии ҷавон пурсидааст.

"Оила дорӣ?, -мепурсад раисҷумҳур.  - Не, мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ, посух додааст ҷавон. -Чаро?, -боз таҳпурсӣ мекунад, президент".

Дар посух ҷавон мегӯяд, ки ҳоло магистр аст.

Вақте ки Эмомалӣ Раҳмон синну соли писаракро дақақ мекунад, бо шӯхӣ мегӯяд, ки "айни зангирист".

Раисҷумҳур дар муроҷиат ба вазири маориф ва муовини раиси шаҳри Душанбе аз сохторе ёдрас мешавад, ки дар он президент худаш духтаракони ятими куллро аз тамоми шаҳру деҳот ҷамъ карда, тарбият кардааст.

"Ман як сохтор дорам, духтаракони ятими куллро дар он ҷо тарбия мекунам, аз хурсолӣ, аз мактаб-интернатҳо ҷамъ мекунам, дар ҳамон сохтор оварда тарбия мекунам, мехононам, донишгоҳ дохил мекунам, баъд шавҳаршон медиҳам, оиладоршон мекунам, баъд мустақилона мераванд", - мегӯяд президент.

"Бисёр духтаракони зебоянд", - тавсиф мекунад Эмомалӣ Раҳмон ва дар муроҷиат ба масъулин шӯхиомез мегӯяд, ки "муаллимро як рӯз лексияхонӣ бар".

Президент баъди сӯҳбат бо муаллим ба вазир рӯй меоварад ва таъкид мекунад, ки масъулин чунин ҷавононро дастгирӣ кунанд.

 

Мавзӯъҳои асосӣ