11:32 01 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.09
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1464 0 0

Ҷасади модари си сола, ки худро бо се фарзандаш ба дарёи Сурхоб андохт, пайдо шуд. Ҷустуҷӯи ду фарзанди ноболиғаш то ҳол идома дорад

ДУШАНБЕ, 18 авг – Sputnik. Наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар минтақаи Рашт, ҷасади занеро, ки бо се фарзандаш худро андаруни рӯди Сурхоб ғарқ намуд, пайдо карданд.

Ба иттилои котиботи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ҷасади сокини Рашт бегоҳи рӯзи 17 - уми август, 25 километр дуртар аз ҷойи ҳодиса пайдо шуд.

Яке худкушӣ карду дигаре аз беэҳтиётӣ ғарқ шуд: фавти бону дар Язгулому ҷавон дар Рашт

Марҳум рӯзи 16 - уми август, бо се фарзанди худ, ки 9, 6 ва се сола буданд, ба дарёи Сурхоб ҳаво дод.

Пас аз ин ҳодиса, имдодгарон бо гузашти як соат, ҷасади духтарчаи се солаашро пайдо карданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, то ҳол аз ду фарзанди ӯ хабаре нест ва ҷустуҷӯи ҷасади онҳо ҳамоно идома дорад.

 

Мавзӯъҳои асосӣ