23:35 01 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.15
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1521 0 0

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти сокини Турсунзода хабар медиҳад, ки дар фиреби сокинони Шаҳритус муттаҳам дониста мешавад

ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Ба ШВУД дар ноҳияи Шаҳритус чанд нафар сокинони ноҳия бо аризаи шикоятӣ муроҷиат намуданд, хабар медиҳад ВУД Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, ҷавоне бо номи Абдулоҷон ба боварии сокинон даромада, маблағҳояшонро гирифта ба мушкилоти онҳо расидагӣ накард.

Зимнан, кормандони пулис Мадраҳимов Абдуллоҷони 29 - сола, сокини шаҳри Турсунзодаро ҳамчун гумонбари ҷиноят дастгир карда, кирдорҳои қаллобии ӯро ошкор намуданд.

Муайян гардид, ки Мадраҳимов ба сокинони ин ноҳия, ки пайвандонашон барои содир намудани ҷиноят дар боздошт қарор доранд, ваъда намуд, ки барои озод кардани онҳо аз ҷавобгарии ҷиноятӣ мусоидат мекунад.

Боздошти қаллоб: 80 ҳазор долларро гирифту гуфт, хона медиҳам, аммо надод

Номбурда мардумро фиреб дода, изҳор доштаст, ки дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шиносҳои зиёд дорад ва метавонад ба мушкилоти онҳо расидагӣ кунад.

Ба ҳамин минвол, мавсуф аз чанд нафар сокинони ин ноҳия 10 000 сомонӣ гирифта, на корашонро ҳал карду на маблағашонро бозпас овард.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, Мадраҳимов дар чор ҳолати ҷинояти қаллобӣ даст доштааст. Дар шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Шаҳритуз нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Манбаъ меафзояд, шахсоне, ки аз ин нафар ҷабр дидаанд, метавонанд ба ШВКД-и маҳалли зисташон муроҷиат намояд.

Мавзӯъҳои асосӣ