15:03 20 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1533 0 0

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 32 ҳолати нави сирояти COVID-19 ва як ҳолати фавт аз ин вирус сабт шуд

ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Тибқи иттилоияи Вазорати тандурустии Тоҷикистон, дар маҷмуъ коронавирус дар муддати аз 30 апрел то санаи 18 август 8131 ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд.

Манбаъ афзуд, ки то имрӯз аз миёни гирифторшудагон  6 ҳазору 935  нафар ё худ 85,2%-и беморон аз COVID-19 шифо ёфта, бар асари он 65 нафар фавтидаанд.

“Дар шабонарӯзи охир таҳти назорати табибон 73  нафар гумонбарон қарор дошта, 38 нафар бемор баъд аз табобат аз муассисаҳо ба хона ҷавоб дода шуданд”, - омадааст дар иттилоияи расмӣ.

Таъкид шудааст, ки имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

Мавзӯъҳои асосӣ