14:28 21 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
584 0 0

Як зани 31 солаи тоҷик бар асари таркиши балони газ ҳангоми пухтани ғизо дар урдугоҳе дар марзи Сурия ва Туркия дар вилояти Ҳасака ҷони худро аз даст дод

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Ироқ ва Кувейт, ки бо мақомоти давлати Сурия дар тамос мебошад, иллати марги хонум Наргис Ҷураеваро, ки дар урдугоҳи таҳти контроли неруҳои демократики курди сурӣ нигаҳдорӣ мешуд, таркидани балони газ унвон кар, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.

Зубайдзода афзуд, дар ин урдугоҳ ҳафт зани тоҷик, ки ҳамсарони онон бо пайвастан ба гурӯҳи террористии ДОИШ барои ҷанг бо артиши Сурия ба ин кишвар омада ва кушта шудаанд ба ҳамроҳи 17 фарзандашон нигаҳдорӣ мешаванд.

Ба гуфтаи Зубайдзода қаблан бо мусоидати Салиби сурхи ҷаҳонӣ рӯйхатти беш аз 575 нафар аз занон ва кӯдакони тоҷик, ки дар урдугоҳҳои оворагон дар қаламрави Сурия нигаҳдорӣ мешаванд, таҳия шуд, ки ба далели густариши вируси корона интиқоли онон ба Тоҷикистон ба таъхир афтодааст.

Беш аз як ҳазору 900 шаҳрванди Тоҷикистон бо пайвастан ба гурӯҳи террористии ДОИШ ба Сурия ва Ироқ рафтаанд, ки теъдоди зиёде аз онон дар ҷанг бо артишҳои ин ду кишвари арабӣ кушта шудаанд, аммо беш аз 575 нафар аз занон ва кӯдакони онон дар Сурия ва шуморе низ дар Ироқ дар урдугоҳҳои оворагон нигаҳдорӣ мешаванд.

Аз сӯи дигар 43 зани тоҷик дар Ироқ ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои террористӣ ба зиндон маҳкум шуданд ва ҳукумати Тоҷикистон 84 кӯдаки тоҷикро дар моҳи апрели соли 2019 аз Бағдод ба Душанбе мунтақил кард.

Барчаспҳо:
таркиш, фавт, Туркия, тоҷик, зан, Ироқ, Сурия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ