Сафири Украина ба раиси вилояти Суғд чӣ ваъда дод?

Обуна шудан
Раиси вилояти Суғд ва сафири Украина дар Тоҷикистон зимни дидор дар бораи густариши ҳамкорӣ ва тақвияти муносибатҳои иқтисодӣ мубодилаи афкор намуданд

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд, зимни мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят бо Сафири Украина дар Тоҷикистон Василий Серватюк таъкид гардид, ки Суғд дорои имкониятҳои фаровон буда, сармоягузорони украинӣ метавонанд дар соҳаҳои кишоварзиву саноат ва дорусозӣ бо вилоят ҳамкории самаранок ба роҳ монанд. 

Манбаъ зикр кардааст, ки зимни суҳбат ҷонибҳо бо ёдоварӣ аз муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Украина оид ба густариши ҳамкорӣ ва тақвияти муносибатҳои иқтисодӣ мубодилаи афкор намуданд.

Қайд карда шуд, ки барои коркард ва банду басти меваву сабзавот, асал, пахта ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар самти истеҳсоли либос ва доруворӣ заминаҳои мусоид фароҳам буда, ҷонибҳо метавонанд бо амалисозии лоиҳаҳои муштарак ба равобити дуҷониба густариш бахшанд.

Василий Серватюк, зикр кард, ки маҳсулоти кишоварзии дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, бо ба роҳ мондани коркарди навъҳои гуногуни он метавон онро содирот кард.

Ҷонибҳо ҳамзамон дурнамои ҳамкориро баррасӣ карда, ҳавасмандии худро барои беҳтар намудани робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ баён доштанд.

Лентаи хабарҳо
0