11:59 01 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.09
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
263 0 0

Боғи фарҳангию фароғатӣ аз ҷониби 11 соҳибкори ноҳияи Дарвоз дар доираи омодагӣ ҷашни – 30-солагии истиқлоли давлатӣ бунёд шудааст

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Рӯзи 19 август Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як мавзеи зебои ноҳияи Дарвоз Боғи нави фарҳангӣ-фароғатиро мавриди истифода қарор дод.

Президент Таджикисана в Бохтаре Хатлонской области
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳур, тибқи лоиҳа ин маркази ҳамчун боғи кӯдакона барои истироҳату фароғат ва омӯзиши таърихи иншоотҳои муҳими тамаддуни башарӣ, инчунин тарбияи эстетикии кӯдакону ҷавонон бунёд карда шудааст.

Дар даромадгоҳи боғи марказии фарҳангӣ — фароғатӣ Эмомалӣ Раҳмонро ҷавонону наврасон истиқбол гирифтанд.

Дар ҳудуди боғи мазкур майдончаҳои бозии кӯдакона, атраксионҳо, катора, муҷассамаи иншоотҳои таърихии ба руйхати муъҷизаҳои олам воридгардида ва дигар марказҳои фароғатӣ бунёд шудааст.

Гуфта мешавад, дар корҳои ободонӣ мутахассисони ватанӣ ба кор ҷалб гардида, масолеҳи хушсифати сохтмонӣ истифода гардидааст.

Майдони ҳудуди боғ сабзазор карда шуда, дарахтони ороишии ҳамешасабз ва гулу буттаҳои зебои мавсимӣ шинонида шудааст.

Манбаъ афзуда, ки намои шабонаи боғ аз ҳисоби чароғҳои ранга хеле дилкашу зебо мебошад.

Роҳравҳои ҳудуди боғ сафолакпӯш гардида, барои истироҳаткунандагон курсиҳо гузошта шудааст.

Барои сайругашт ва фароғати кӯдакону наврасон 10 намуди атраксионҳо насб гардидааст. Ҳудуди боғро фаввораҳои хурду бузург зебу зиннат мебахшанд.

Барчаспҳо:
ВМКБ, Эмомалӣ Раҳмон, соҳибкорон, боғ, Дарвоз

Мавзӯъҳои асосӣ