03:05 24 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.26
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
3118 0 0

Ҳоҷӣ Хайриддин Тӯраев, маъруф ба Эшони Сайиднуриддин, собиқ сардори Хадамоти амнияти Фурудгоҳи байнулмилалӣ ва мушовири раиси Кумитаи дини Тоҷикистон дар синни 54 солагӣ аз олам чашм пӯшид

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Яке аз наздикони Хайриддин Тӯраев ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, марҳум ҳудуди як ҳафта пеш дар пайи боло рафтани ҳарорати бадан ва беҳолӣ ба Маркази тиббии ба номи Карим Аҳмадов, ки дар миёни мардум бо номи беморхонаи "Якум Советский" машҳур аст, интиқол ёфта буд.

“Бархе мегӯянд, ки аз илтиҳоби шуш ва бархеи дигар ҳам мегӯянд, аз “вируси корона” даргузаштаанд. Дар умум он қадар аз саломатии худ шикоят надошт”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Хайриддин Тӯраев, полковники амнияти Тоҷикистон, соли 1966 дар деҳаи Шуркӯли ноҳияи Фархор дар оилаи як руҳонии маъруф ба дунё омадааст. Бобокалони ӯ Эшони Олим ҳанӯз дар асри 18 пиёда сафари ҳаҷ карда, бобояш Эшони Қорӣ Тӯра солҳои 50 аз деҳаи Бедаки ноҳияи Ховалинг ба ноҳияи Фархор муҳоҷир шудааст.

Падараш Эшони Ғиёсиддин низ аз руҳониёни номдори минтақа аст. Хайриддин Тӯраев дар гузашта корманди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ буда, баъдтар дар вазифаҳои сардори Хадамоти амнияти Фурудгоҳи байнулмилалӣ (2009 – 2013) ва мушовири раиси Кумитаи дини Тоҷикистон (2015 – 2016) адои хизмат кардааст.

Яке аз ҳамкорони ӯ дар Фурудгоҳи байнулмилалии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, маҳз дар даврони ӯ ба беназмиҳо дар кори фурудгоҳ хотима гузошта шуд.

“Ҳамон мавориди ришвату пулситонӣ аз муҳоҷирин дар фурудгоҳ дар замони раҳбарии ӯ комилан аз байн бурда шуд”, - гуфт ӯ.

Ба қавли наздикон, Хайриддин Тӯраев дар захираи кадрҳои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҳукумати Тоҷикистон қарор дошт. Ҷанозаи марҳум соати 11 дар хонааш, минтақаи “Якум Советский” баргузор шуда, дар қабристони Сари Осиёи шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд.

Ба қавли наздиконаш, чанд рӯзи қабл дар ноҳияи Фархор бародари ӯ Ҷамолиддин Тӯраеви 60 – сола низ дар пайи маризии илтиҳоби шуш олами фониро падруд гуфта буд.

Барчаспҳо:
полковник, кумитаи дин, амният, даргузашт, фавт, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ