Раҳмон пас аз Дарвозу Ванҷу Рӯшон вориди Хоруғ шуд

Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон, ки муддати ду рӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор дорад, имрӯз вориди маркази вилоят - шаҳри Хоруғ гардид

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Рӯшон дар рӯзи дуюми сафари худ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба маркази вилоят, шаҳри Хоруғ ташриф овард.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Қонеъкунанда нест: Раҳмон дар Рӯшон баъди эътирозҳо чӣ гуфт?-видео

Ба иттилои котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонро дар Фурудгоҳи шаҳри Хоруғ  роҳбарият ва фаъолони вилоят истиқбол гирифтанд.

Интизор меравад, дар шаҳри Хоруғ  Эмомалӣ Раҳмон чанд иншооти муҳими хоҷагии халқро мавриди истифода қарор дода, ҳамчунин барои бунёди як зумра иншооти дигар санги асос хоҳад гузошт.

Суҳбати Раҳмон аз ҷустуҷӯи 53 сокини Ванҷ барои терроризм: гуфт аз кадом деҳаҳоянд

Ёдовар мешавем, чанде пеш кишвардори Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯшон бо фаъолони ноҳия мулоқот баргузор намуд ва аз дар робита ба тартиботи ҷамъиятӣ изҳори нигаронӣ кард.

Суҳбати Раҳмон дар бораи тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳолест, ки қаблан гуруҳи аз сокинони Рӯшон бо нишони эътироз алайҳи ба гуфтаи онҳо, худсарии мақомдорон даст ба ҳамоиш заданд.

Ҳамоиш дар пайи боздошти Ёдгор Ғуломҳайдаров ва ҳамроҳаш дар Рӯшон сурат гирифт, ки ба иддаои гуруҳи сокинони Рӯшон, рабте ба қазияи қочоқи маводи мухаддир надоранду тайи чанд соати боздошт латукӯб шудаанд.  Гуруҳи эътирозгарон боздоштшудаҳоро озод карда, тайи чанд рӯз даст ба ҳамоиши эътирозӣ зада буданд.

Лентаи хабарҳо
0