Президент дар Хоруғ ба пули мошингузар санги асос гузошт

Обуна шудан
Пули мошингузар дар болои дарёи Ғунд бо тарҳи байналмилалӣ сохта шуда, аз ҳафт сутунпояи зербино ва ду самти ҳаракати нақлиёт иборат мебошад. Аз ҳар ду ҷониби пул бунёди роҳи пиёдагард ҳамчун эстакада ба нақша гирифта шудааст

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Имрӯз, 21 август раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ ба пули мошингузар санги асос гузошт, хабар медиҳад дафтари матбуоти президент.

Бино бар иттилои манбаъ, кӯпруки мазкур дар маҳаллаи "Селхозтехника"-и шаҳри Хоруғ бунёд шуда, 5 метр паҳноӣ ва 200 метр дарозӣ ва 100 тонна иқтидори борбардорӣ дорад.

"Пули мошингузар дар болои дарёи Ғунд бо тарҳи байналмилалӣ сохта шуда, аз ҳафт сутунпояи зербино ва ду самти ҳаракати нақлиёт иборат мебошад. Аз ҳар ду ҷониби пул бунёди роҳи пиёдагард ҳамчун эстакада ба нақша гирифта шудааст", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.
Визит Рахмона в ГБАО - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон пас аз Дарвозу Ванҷу Рӯшон вориди Хоруғ шуд

Дар ҷараёни сохтмони пули мошингузар мутахассисону сокинони шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ҷойи кор таъмин шуда, соҳиби маоши хуб мешаванд.

Лоиҳаи пули мошингузар бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ татбиқ мегардад ва он аз ҷониби Ширкати лоиҳакашию пулсозии “Темелсу интернэшнл сервис пинк”-и давлати Туркия таҳия гардидааст.

Қонеъкунанда нест: Раҳмон дар Рӯшон баъди эътирозҳо чӣ гуфт?-видео

Сохта ба истифода додани пули мошингузар дар маҳаллаи Селхозтехникаи шаҳри Хоруғ танбашавии ҳаракати нақлиёт дар хиёбони Шириншоҳ Шоҳтемурро пурра аз миён бардошта, ҳаракати нақлиёти мусофиркашу боркаш тавассути ин пули нав ба роҳ монда хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0