04:12 25 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
52601

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон ба манзили як хонавода рафт ва бо замини наздиҳавлигии онҳо шинос шуд

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки пештар ташрифаш ба хонаи як сокини шаҳри Ҳисор расонаӣ гашта буд, дар ноҳияи Рӯшон низ ба манзили як хонавода рафт.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти президент, Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон нахуст бо рафти парваришу истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар қитъаи замини наздиҳавлигии сокини деҳаи Рӯшон Ҳамдам Давлатмаҳмадов шинос шуд.

"Ҳамдам Давлатмаҳмадов дар ин деҳа аз аввалин кишоварзоне дониста мешавад, ки бо ташкили гармхона ҳамасола маҳсулоти фаровони кишоварзӣ истеҳсол мекунанд ва рӯзгори оилавии 3 хонаводаро таъмин менамояд", - менависад манбаъ.

Иттилоъ дода шуд, ки ин сокини ноҳияи баландкӯҳи Рӯшон соли чорум аст, ки қариб дар 10 садяк замин 5 адад гармхона ташкил намудааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯшон меҳмони як хонавода шуд
Дафтари матбуоти президент
Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯшон меҳмони як хонавода шуд

"Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки аҳли ин оила танҳо аз як гармхонаи ташкилкардааш аз 5 то 6 тонна бодирингу помидор  мерӯёнад", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Эмомалӣ Раҳмон  ба таҷрибаи ғании ин ҷавони кордон баҳои баланд дода, ташкили гармхонаҳоро дар шароити кӯҳистони Бадахшон намунаи ибрат арзёбӣ намудааст.

Бино ба таъкиди роҳбари ин оила дар заминаи истифодаи судманди гармхонаҳо хароҷоти хонаводагӣ пурра таъмин ва ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти худӣ амалӣ карда мешавад.

Обдиҳиву ғизодиҳии маҳсулоти полезӣ дар гармхонаҳо пурра бо тарзи қатрагӣ ба роҳ монда шуда, айни замон ҳосили помидору бодиринг фаровон аст. Ин деҳқони соҳибтаҷриба нақша дорад, ки давоми се соли оянда масоҳати  гармхонаҳоро ба беш аз як гектар расонаду бо ин роҳ бозори марказии ноҳия ва шаҳри Хоруғро бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ таъмин намояд.

Дар ин оила дар баробари ташкили гармхона ҳамчунин ҳар порча замини наздиҳавлигӣ самараноку оқилона истифода шуда, дар масоҳати 18 садяк замин картошка, қаланфури булғорӣ, карам,  пиёз,  сабзӣ,  лубиё, помидор, каду, зағир ва макаи дон кишт гардидааст, ки қисми бештари  ҳосили онҳо пухта расидааст.

Маҳз, меҳнати шабонарӯзӣ ва риояи қоидаҳои дурусти агротехникӣ  буд, ки имрӯз ҳосил дар саҳро фаровон аст. Дар ин замина дар заминҳои аз кишт холигардида, кишти такрории мош, сабзӣ ва турб бароҳ монда шудааст.

Дар ҳамин ҷо  Эмомалӣ Раҳмон аз дастранҷи кишоварзон ва хӯрокҳои миллии омоданамудаи бонувони ҳунарманди ноҳияи Рӯшон шинос шудааст.

Мавзӯъҳои асосӣ