23:14 01 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.15
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
66502

Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 32 қисми 3 - 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik.  Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти ҷавоне хабар додааст, мехост падарашро кушад.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони сӯиқасд ба одамкушӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, санаи 18-уми августи соли 2020, тахминан соати 16:30-дақиқа, дар ҳолати мастӣ дар заминҳои хоҷагии деҳқонии “Кушатов”-и ҷамоати деҳоти Исмоил бо падараш марди 60-сола ҷангу ҷанҷол намудааст.

Сипас бо мақсади куштор бо дастонаш гулӯяшро пахш намудааст, ки ин кирдорашро апааш зани 32-сола дида, падарашро халос карданӣ шудааст.

Гумонбаршаванда ба ғазаб омада, аз бошишгоҳи саҳроиашон корди хоҷагиро гирифта, 1-маротиба ба китф ва 3-маротиба ба татхапушти апааш задааст, ки дар натиҷа охирин ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.

Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 32 қисми 3 - 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ