09:13 26 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.26
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
246 0 0

Бо мақсади тақвияти корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ барои пешгираз паҳншавии короновирус дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти роҳбарияти Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии вилояти Суғд бо кормандони ин марказ баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Хуҷанд, роҳбарияти ин марказ қайд намудааст, ки бо баргузор намудани чорабиниҳои гуногун ва рейдҳои назоратӣ ба шаҳрвандон қоидаҳои беҳдошти шахсиро доим хотиррасон созанд ва риояи ҳатмии онҳоро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд.

Инчунин гуфта шудааст, ки роҳбарони тамоми корхонаву муассисаҳо новобаста ба самти фаъолият вазифадоранд, ки дар ин самт тамоми шароити заруриро муҳайё намоянд.

“Мо бояд фаҳмонем, ки хатари бемориҳои сироятӣ, бахусус, коронавирусро саҳл нагиранд ва бо саломативу ҳаёт бозӣ накунанд”, таъкид доштанд роҳбарияти Маркази ин  назорати давлатии санитарию эпидемологии вилояти Суғд.

Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки бо ҷалби мақомоти дахлдор дар кӯчаҳои шаҳр рейдҳо барои риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ гузаронида шуд.

Гуфта шудааст, мутаассифона мушоҳидаҳо нишон доданд, ки дар нақлиёти ҷамъиятӣ масофа ва реҷаи ниқобӣ то ҳол риоя карда намешавад.

“Ронандагони нақлиёти мусофирбар аз меъёр зиёд шаҳрвнадонро савор мекунанд ва дар бархе ҳолатҳо худашон низ бениқоб нақлиётро идора мекунанд. Дар натиҷаи баргузории рейди мазкур нисбати қонуншиканон чораҳои дахлдор андешида шуданд”, - зикр кадааст манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, таъкид шудааст, ки дар оянда низ чунин рейду корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби кормнадони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд пайваста гузаронида мешаванд.

Барчаспҳо:
мулоқот, беҳдошт, риояи қоидаи бехатарӣ, Хуҷанд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ