22:41 22 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
4453 0 0

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта дар кишвар як нафари дигар бар асари коронавирус фавтид

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 36 ҳолати нави сирояти COVID-19 ва як фавт аз ин беморӣ ба қайд гирифта шуд, хабар дод "Ховар" аз қавли маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ.

Ба иттилои манбаъ, дар маҷмуъ сирояти коронавирус аз 30 апрел то санаи 22 август 8 ҳазору 277 ҳолатро ташкил дода, дар мамлакат 7072 нафар ё худ 85,4%-и беморон аз COVID-19 шифо ёфта, бар асари он 66 нафар фавтидаанд.

“Дар шабонарӯзи охир таҳти назорати табибон 82 нафар гумонбарон қарор дошта, 32 нафар бемор баъд аз табобат аз муассисаҳо ба хона ҷавоб дода шуданд”, - омадааст дар иттилоияи расмӣ.

Таъкид шудааст, ки имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

Барчаспҳо:
беморӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ