03:44 21 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
167 0 0

Рӯзи бисту сеюми август ҳамчун Рӯзи байналмиллалии ёдбуди қурбониёни ғуломфурӯшӣ ва маҳви он дониста мешавад

Рӯзи 23 август дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1904 занҷири чархҳои автомобилӣ ихтироъ карда шуд.

День 22 августа
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1913 полиси Лондон аз Ҳукумати ин кишвар дархост кард, ки дар маҳаллаҳои шаҳрӣ барои суръати баланди мошинҳо маҳдудият ҷорӣ намояд.

Соли 1948 дар Амстердам Шӯрои байналмилалии калисоҳо таъсис ёфт.

Соли 1959 Ҳукумати ИМА барои дар 400 мактаб ҷорӣ намудани забони русӣ ҳамчун фанни дарсӣ эълон нашр кард.

Ҷашнҳои рӯзи 21 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1976 дар натиҷаи заминҷунбии шадид дар Чин 1000 нафар ба ҳалокат расиданд.

Соли 2010 100 давлати дунё барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо- 2010 аризаи расмӣ ирсол карданд.

Соли 1617 дар Лондон аввалин роҳи мошингарди яксамта ифтитоҳ ёфт.

Соли 1889 дар Сан-Франсискои ИМА аввалин иттилои радиоӣ аз киштӣ ба соҳил қабул гардид.

Рӯзи 23 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2001 Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авфи умумӣ"-ро қабул кард. 

День 19 августа
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2010 Раисҷумҳури Тоҷикисто Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат ҷаласаи фаврӣ доир намуда, масъалаи вобаста ба фирори 25 нафар ҷинояткори махсусан хавфнок аз маҳбасхонаро баррасӣ карда буданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дода буданд, ки оид ба дарёфт ва дастгир намудани ин гурўҳи ҷинояткор, ки ҳамчунин даст ба кўшиши ғасби ҳокимият зада буданд, тадбирҳои таъхирнопазир андешида шаванд.

Ҷашнҳои рӯзи 11 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2011 дар Тоҷикистон аввалин гурӯҳи занони авфшуда  ба озодӣ баромаданд.

Соли  2012 Созишнома миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Туркманистон дар бораи ҳамгироӣ дар мубориза бо қонунигардонӣ ва расмикунонии даромадҳои бо роҳҳои ҷиноӣ ва маблағгузории терроризм бадастомада ба имзо расид.

Соли 2012 Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон  дар шаҳри Ашқобод аз ҷониби Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар фазои тантанавӣ бо мукофоти олии давлатӣ — ордени Президенти Туркманистон- Битараплик (Бетарафӣ) сарфароз гардонида шуданд.

 

Встреча президента Таджикистана Эмомали Рахмона с президентом Туркменистана Гурбонгулы Бердымухаммедовым
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.
Встреча президента Таджикистана Эмомали Рахмона с президентом Туркменистана Гурбонгулы Бердымухаммедовым

 

 

Ҷашнҳои рӯзи 23 август

  • Рӯзи байналмилалии ёдбуди қурбониёни ғуломфурӯшӣ ва маҳви он.
  • Дар Беларус – Рӯзи кормандони омори давлатӣ.
  • Дар  Украина – Рӯзи Парчами давлатӣ

Рӯзи 23 август дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Солҳои 1870-1945 – нависанда Бобоюнус Худойдодзода.

Соли 1910 – ҳунарманди халқии ИҶШС, ҳунарманди халқии Тоҷикистон Николай Волчков.

Соли 1929-2003 – композитор, ҳунарманди халқии Тоҷикистон Одилҷон Назаров.

Соли 1954 – футболбоз, устоди варзиши Тоҷикистон Валерий Турсунов.

Соли 1962 – нависанда Парда Ҳабиб.

Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ