Нуриддин Саид бо сафири Белорус мулоқот кард: чӣ гуфтанд?

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевМинистр образования Таджикистана Нуриддин Саид
Министр образования Таджикистана Нуриддин Саид  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси Кумитаи телевизион ва радио изҳор дошт, ки мо ба тавсеаи равобити дуҷониба бо Беларус дар соҳаи телевизион ва радио омода ҳастем

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон бо сафири Булерус дар Тоҷикистон мулоқот карда, аз ҳамкориҳо гуфтаанд. Дар ин бора АМИТ "Ховар" гузориш медиҳад.

 "Густариши ҳамкорӣ дар соҳаи телевизион ва радио, аз ҷумла омода намудани мутахассисон ва табодули таҷрибаи байниҳамдигарӣ дар меҳвари мулоқоти Раиси  Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Иванов қарор гирифт", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Телевизор, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон ду шабакаи нави телевизионӣ ифтитоҳ мешавад

Раиси Кумитаи телевизион ва радио изҳор дошт, ки мо ба тавсеаи равобити дуҷониба бо Беларус дар соҳаи телевизион ва радио омода ҳастем.

Таъкид гардид, ки густариш пайдо кардани муносиботи дуҷониба дар соҳаи телевизион ва радио заминаи муҳим барои муаррифии ҳарчи бештари таъриху тамаддун, фарҳанг, пешрафтҳои соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ, мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳӣ, инчунин табиати нотакрори ду давлат маҳсуб мебошад.

Сафири Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Иванов бо ёдоварӣ аз муносиботи дӯстонаи сарони ду давлати дӯст изҳор дошт, ки тақвияти ҳамкории дуҷониба дар ҳамаи самтҳо ба манфиати ҷонибҳо хоҳад буд.

"Осимӣ" - филми Крис Шуллер, коргардони амрикоӣ дар бораи олими тоҷик

Олег Иванов омодагии ҷониби Беларусро барои ташкили давраҳои омӯзишӣ ва такмили ихтисоси гурӯҳҳои эҷодиву техникии шабакаҳои телевизион ва радиои давлатии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус изҳор дошт.

Мусоҳибон масъалаҳои табодули барнома, филм ва ролику лавҳаҳои тарғибкунандаи дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, манзараҳои зебо, мавзеъҳои таърихию сайёҳӣ ва пахши онҳо дар шабакаҳои давлатии телевизион ва радиои ҳар ду давлатро матраҳ намуданд.

Лентаи хабарҳо
0