06:12 29 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.05
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Интихоботи президентӣ - 2020 (29)
110220

Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон эълон доштааст, ки номзадиашро дар интихоботи президентӣ пешбарӣ намекунад ва изҳори умедворӣ кард, ки шӯрои сиёсии ҳизб низ ба интихобот бойкот эълон мекунад

ДУШАНБЕ, 25 авг— Sputnik. Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон, дар як изҳороташ дар саҳифаи Фейсбук эълон кардааст, ки “қонуни амалкунандаи конститутсионӣ дар бораи интихоботи президенти Тоҷикистон пеш аз Конститутсияи амалкунандаи кишва қабул шуда, зимни қабули он дар Конститутсия ниҳод дар бораи интихоботи президенти ҶТ вуҷуд надошт, яъне аз замони қабул ин қонун зиддиконститутсионӣ аст”.

Раиси ҲСДТ қайд кардааст, ки талаботи Конститутсияи Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 пас аз қабули он дар бораи таҳия ва қабули қонунҳои конститутсионӣ вобаста ба ин қонун риоя нашудаанд.

“Президенти амалкунандаи Тоҷикистон, ба раиси ҳизби сиёсӣ будан ҳуқуқ надорад, илова бар ин низоми бисёрҳизбӣ дар кишвар вайрон шуда, дар кишвар, ба гуфтаи ӯ, амалан низоми яккаҳизбӣ ҷорӣ шудааст”, - илова кард Раҳматилло Зойиров.

Ҳамзамон, раиси ҲСДТ бар ин назар аст, ки дар вақти қабули қонун дар бораи Комиссияи марказии интихоботии “беҳизбӣ” ин ҳизбҳо бо ҳукумат маслиҳат карда, ба ташкили комиссияҳои интихоботӣ аз ҷониби сарвари давлат, ҳокимияти иҷроия ва Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон овоз доданд.

“Аз 31 ҳазор аъзои комиссияҳои интихоботӣ, беш аз 25 ҳазор нафарашон аъзои Ҳизби ҳокими халқии демократӣ мебошанд”, - қайд кард Зойиров.

Ба ақидаи Зойиров, ҳамаи комиссияҳои интихоботӣ ва ҳамаи субъектҳои пешбарии номзадҳо ба мансаби президентӣ сохтори ҳокимияти иҷроия мебошанд ва фаъолияти худро бевосита ба манфиати раисҷумҳури амлкунанда роҳандозӣ мекунанд.

“Ман ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон ва раиси ҲСДТ, дар таъмини қонунӣ будани интихоботи кунунии ғайриқонунӣ, зиддиконститутсионӣ ва зиддимардумии президенти Тоҷикистон иштиок карданӣ нестам”, - изҳор дошт раиси ҲСДТ.

Ҳамчунин ӯ изҳори умедворӣ кардааст, ки шӯрои сиёсии ҳизб ба интихобот бойкот эълон мекунад.

Ёдрас мекунем, ки интихоботи навбатии президентӣ дар Тоҷикистон рӯзи 11 октябри соли равон баргузор хоҳад шуд.

Мавзуҳо:
Интихоботи президентӣ - 2020 (29)
Барчаспҳо:
иштирок, президентӣ, интихобот, ҳизб, ҲСДТ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ