17:24 27 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.23
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
37801

Додгоҳи ноҳияи Файзобод Шобидин Табаров, сокини деҳаи Арзановаи ҷамоати деҳоти “Ҷавонон”-и ноҳияро барои гузаронидани маъракаи “сол”-и модари марҳумаш бо додани таом 2 ҳазору 900 сомонӣ ҷарима баст

ДУШАНБЕ, 26 авг – Sputnik. Табаров бар асоси моддаи 481-и  Кодекси ҳуқуқвайронкунии  маъмурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда,  ба андозаи панҷоҳ нишондиҳанда, баробар ба ду ҳазору нуҳсад  сомонӣ ҷаримабандӣ гардид, хабар дод “Ховар”.

Бар асоси қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон”, маросими “се”, “чил” ва “сол”бояд  бе забҳи чорво ва додани таом  баргузор карда шавад. Аммо ба иттилои додгоҳ, Табаров ин маъракаро бо иштироки васеи ҳамсояҳою меҳмонони зиёд ва бо кушодани дастархону  додани  таом гузаронидааст.

Таъкид шудааст, ки Табаров Шобидин нафақахӯр буда, дар мақомоти дахлдор ҳамчун  шахси камбизоат ба қайд гирифта шудааст.

“Номбурда оиладор  ва соҳиби чор  фарзанд  мебошад.  Ӯ дар мурофиаи судӣ гуфтааст, ки аз сабаби бохабар набудан аз Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”  ба ин қонуншиканӣ даст зада, аз кардаи худ сидқан пушаймон шудааст”, - омадааст дар иттилоия.

Табаров ҳамчун шахси камбизоат  ва нафақахур аз суд хоҳиш кардааст, ки нисбаташ ҷазои маъмурӣ татбиқ нашавад.  Аммо додрас ҳамаи ҳолатҳои сабуккунандаи қонун ва сидқан пушаймон шудани ӯро  ба назар гирифта, нисбат ба ӯ  ба андозаи панҷоҳ нишондиҳанда ҷарима таъйин  намуд.

Мавзӯъҳои асосӣ