18:38 29 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.09
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
10901

Муайян карда шуд, ки намунаи чойи хушк аз рўи сифат ва бехатарӣ ба талаботи ҳуҷҷати меъёрӣ – ГОСТ 32573-2013 "Чойи сиёҳ. Шартҳои техникӣ" вамутобиқ нест

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Воридоти 24 549 кг чойи хушки сиёҳ аз ҷониби Агентии "Тоҷикстандарт" пешгирӣ гардид.

Чойи мазкурро ширкати "Мирзо Анвар" дар вилояти Суғд тавассути дидбонгоҳи гумрукии Панҷи Поён 2 вориди Тоҷикистон кардааст.

"Ба Маркази ташхисии Агентии "Тоҷикстандарт" барои гузаронидани корҳои сертификаткунонии чойи хушлдархост ворид гардид", - хабар додаанд масъулини агентӣ.

Дар раванди гузаронидани ташхиси намунаи маҳсулоти мазкур, ки тибқи санад ба Маркази ташхисии Агентӣ пешниҳод гардида буд, муайян карда шудааст, ки  намунаи чойи хушк аз рўи сифат ва бехатарӣ ба талаботи ҳуҷҷати меъёрӣ – ГОСТ 32573-2013 "Чойи сиёҳ. Шартҳои техникӣ" ва Регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ" мутобиқ нест.

Мусодираи 27 тон гӯшти пастсифат дар Суғд: се соҳибкор барои ҳасиббарорӣ нигоҳ медоштанд

Бо дарназардошти ин дар ҳамкорӣ бо намояндагони Хадамоти гумрук миқдори умумии чойи воридгардида, ки 24 549 кг-ро ташкил медод, тибқи низоми «Реэкспорт» аз қаламрави ҷумҳурӣ берун бароварда шуд.

Мавзӯъҳои асосӣ