08:56 28 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
131 0 0

Раиси вилояти Суғд зимни мулоқот аз сафири Қазоқистон дар бораи рушди муносибот ва ҳамкориҳои судманд миёни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, барои густариш бахшидани равобит ҳавасмандии худро баён карданд

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Аскар Тоҷибоев дидору мулоқот кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳамкории судманд миёни ду кишвар дар бахшҳои мухталиф густариш дорад.

Раиси вилоят зимни мулоқот изҳор дошт, ки дар доираи эълон гардидани саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ дар вилоят садҳо корхонаҳои хурду бузург сохта мавриди истифода қарор мегиранд.

“Феълан бо саҳми соҳибкорони Тоҷикистону Қазолқистон корхонаҳои муштарак бунёд гардида истодаанд. Яъне дар ин самт соҳибкорони ду кишвар таҷрибаи хуб ба даст оварда, амалӣ гардидани нақшаҳои муштараки созанда идома дорад”, - таъкид дошт Аҳмадзда.

Манбаъ қайд кард, ки раиси вилоят ба сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Аскар Тоҷибоев зарфиятҳои иқтисодӣ, саноатӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва ҳунармандӣ муаррифӣ кард.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни мулоқот вобаста ба рушди соҳаи кишоварзӣ таъкид доштааст, ки дар вилоят майдони кишти пахта сол аз сол бештар мегардад.

“Ҳоло барои то ҳадди ниҳоӣ коркард намудани пахта шароиту имконот мавҷуд аст ва дар сурати бунёди корхонаҳои муштарак ин тадбир ба нафъи ҷонибҳо хоҳад буд”, - афзуд раиси вилояти Суғд.

Тоҷикистон муносибатҳои дипломатиро бо Қазоқистон 7 январи соли 1993 барқарор намуда, моҳи июни ҳамон сол намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар ин кишвар ба фаъолият шурӯъ кард. Намояндагии дипломатии Қазоқистон дар шаҳри Душанба аз соли 1998 фаъолият дорад.

Ҳамкориҳои миёни Тоҷикистону Қазоқистон дар фазои мутақобилан судманд ва ҳусни тафоҳум ҷараён гирифта, асоси шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистонро беш аз 75 санад ташкил медиҳад.

Манбаъ зикр кардааст, ки Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои саноати сабук, металлургияи ранга, энергетика, нақлиёт, коммуникатсия, бахши кишоварзӣ, фарҳангу санъат, маориф ва савдою сармоя ҳамкориҳои густурда доранд.

Барчаспҳо:
муносибат, мулоқот, ҳамкорӣ, Қазоқистон, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ