05:49 23 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (735)
186501

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ хабар медиҳад, ки шабонарӯзи гузашта як дардманди дигар аз коронавирус фавтид

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон боз як дардманди дигар аз коронавирус ҷон бохт. 

Ба иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, бо илова шудани мавриди ҷадиди фавт, теъдоди қурбониёни коронавирус ба 68 нафар баробар шуд.

Эълони омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон

Гузашта аз ин, тайи як рӯзи ахир боз 36 ҳолати нави сироятшавӣ ба маризии коронавиус сабт гардид.

Манбаъ меафзояд, дар маҷмуъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то санаи 27 август  8449 ҳолатро ташкил дода, дар мамлакат 7246  (85,7%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфтанд.

"Дар шабонарӯзи охир таҳти назорати табибон 80 нафар гумонбарон қарор дошта, 32 нафар бемор баъд аз табобат аз муассисаҳо ба хона ҷавоб дода шуданд", - таъкид мешавад дар хабар.

Дар Тоҷикистон расман аз 30 апрел бурузи ин маризӣ эълон гардида, ҳукумат ва вазорати тандурустӣ алайҳи ин беморӣ мубориза мебаранд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (735)
Барчаспҳо:
маризӣ, марг, омор, Вазорати тандурустӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ