00:01 26 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
400001

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд на ҳамеша бар асоси таҳлилу ахбороти пешниҳодшуда ба ӯ амал мекунад, вагарна тамоми ҷумҳурӣ месӯхт

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон ахиран зимни сафараш ба Хоруғ гуфт, дар ҳар қадамаш дар вилоят, самимияти мардумро мебинад ва ғоибона низ ба он баҳо дод. Ӯ гуфт, ки ғоибона доимо ба сохтору баъзе таҳлилҳо масъалаи самимияти мардумро баҳо додаст.

“Чӣ қадар ахборот, чӣ қадар маълумот. Агар ҳамаи он маълумоту ахборотро вай мекардам, намедонам, ҳозир на ин ки Бадахшон, балки тамоми Тоҷикистон месӯхт, аз байн мерафт”, - изҳор дошт Раҳмон.

Ин нуктаро раисиҷумҳури Тоҷикистон дар посух ба миннатдории Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ изҳор дошт. Файзов дар хитоб ба Раҳмон гуфт, агар таҳаммулгароии шумо, сабру тоқати шумо, гузаштҳо намешуд, ҳамин Бадахшон кайҳо сӯхта аз байн мерафт.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки ваҳдат, бо дастгирии кулли мардуми Тоҷикистон, аз он ҷумла худи Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон ба даст омадааст.

Мавзӯъҳои асосӣ