Бӯи ғализ дар Хуҷанд: мушкиле, ки 2 ҳоким Муҳаммадзода ва Назирӣ дар ҳаллаш оҷиз мондаанд?

© Sputnik / Стас ЭтвешНадпись в центре города Худжанд "Я люблю Худжанд", архивное фото
Надпись в центре города Худжанд Я люблю Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо вуҷуди огоҳ кардани масъулони ҳукумати шаҳри Хуҷанд ва ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, мушкили паҳншавии бӯи ғализ дар Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғд то ба ҳол бартараф нашудааст

ДУШАНБЕ, 28 авг – Sputnik. Беш аз ним сол аст, ки бӯи ғализ ҳавои Хуҷандро олуда мекунад ва сокинони аксар маҳаллаҳои шаҳр мегӯянд, ки дар чунин вазъ гирифтани ҳавои тоза мушкил шудааст.

"Дару тирезаҳоро намекушоем, ки бӯи ғализ меояд"

Сокинони маҳаллаҳои 3, 8, 13, 14 – 15, 18, 19 ва 20-и Хуҷанд, чанд вақт аст, ки шому саҳар дару тирезаи хонаҳояшонро бо сабаби паҳншавии бӯи тафти ғализ кушода наметавонанд.

Кран в ванной комнате, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Об манбаи ҳаёт: 20 ҳазор сокини Кӯлоб бо об таъмин мешаванд

“Субҳ барои тоза шудани ҳавои дохили хона тирезаҳоро боз мекунем, аммо ба ҷои ҳавои тоза бӯи ғализ ҳама ҷойро олуда мекунад. Аз ин сабаб мо дару тирезаҳоро кушода наметавонем, ки бӯй ба хонаҳо расида ба сару либос нашинад”,- гуфт як сокини маҳаллаи 20-уми Хуҷанд ба Sputnik Тоҷикистон.

Ин мушкили Хуҷанд ахиран рӯзи 15-уми июли соли ҷорӣ дар нишасти матбуотӣ ба Маъруф Муҳаммад, раиси шаҳри Хуҷанд дар миён гузошта шуд ва шаҳрдор манбаъи паҳншавии бӯи ғализро аз порӯи мурғхонаҳое шарҳ дод, ки дар ҳудуди ҷамоати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҳаммарз бо маҳаллаҳои Хуҷанд мавҷуд мебошанд.

Муҳаммадзода: манбаъи бӯй мурғхонаҳои ноҳияи Б.Ғафурованд

“Паҳншавии бӯи бад дар шаҳр мо ҳама маъмурони шаҳрро нигарон кардааст. Мо оиди ин масъала 10-12 рӯз ба ин тараф машғул ҳастем. Гурӯҳҳои корӣ иборат аз кормандони санитарию эпидемологии шаҳр, Раёсати экология вилоят маълум намуданд, ки дар мавзеъҳои доманакӯҳи шаҳр, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби баъзе ашхос фермаҳои мурғпарварӣ ташкил карда шуда ва порӯи чунин фермаҳо дар фазои кушод нигоҳ дошта мешудааст, ки ба ҳангоми вазидани шамол ба микроноҳияҳои шаҳр паҳн мегардад", - гуфта буд раиси шаҳри Хуҷанд.

Рабочий в медицинской маске на строительстве - Sputnik Тоҷикистон
Сохтмони бинои 9 ошёна барои муҳоҷирони экологӣ дар шаҳри Хуҷанд бо суръат идома дорад

Маъруф Муҳаммадзода дар нишасти матбуотӣ ҳамчунон зикр намуд, ки оиди ҷойдошти ин мушкил  ба унвонии Зариф Назирӣ, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Ҳакимзода Абдуаҳад Қурбон, сардори Раёсати ҳифзи муҳисти зисти вилояти Суғд мактуб ирсол намудаанд, то масъалаи бартараф шудани бӯи ғализ аз фаъолияти мурғхонаҳоро бозбинӣ кунанд.

Бо супориши Зариф Назирӣ, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, гурӯҳи корӣ иборат аз  сардори идораи ҳифзи муҳисти зисти ноҳия Ғаффоров Ҷ., сармутахассиси ин идораи ҳифзи муҳити зист Раҷабов М., сармутахассиси маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ  Аҳроров И. Қ. ва сардори маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар ноҳия Искандаров Ф. Н. ба санҷиши фаъолияти мурғхонаҳо сафарбар шудаанд.

Мақомоти ноҳияи Б. Ғафуров: бӯй аз мурғхона не, аз Хуҷандобуканал аст

Бино бар санади тартибдодаи масъулони чунин идораҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, паҳншавии бӯи ғализ дар Хуҷанд аз ҳисоби фермаҳои мурғпарварӣ инкор шуда, манбаъи паҳншавии бӯй аз фаъолияти ҳавзҳои иншооти партовобтозакунии КВДК “Хуҷандобуканал” таъкид мешавад.

Линии электропередачи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Муовини вазир: корҳои сохтмониии лоиҳаи CASA-1000 то охири сол пурра ба анҷом мерасад

“Азназаргузаронии мавзеъи мазкур (минтақаи ҳаммарз бо маҳаллаи 3 -уми Хуҷанд) нишон дод, ки дар ин мавзеъ иншооти обтозакунии КВД обтаъминкунии шаҳри Хуҷанд ҷой гирифта шудааст. Дар бораи бӯи ғализ қайд кардан ба маврид аст, ки солҳои пеш аз 18 адад ҳавзҳои пасобтакшинкунӣ 2 ададаш фаъолият мебурд. Баъд аз таъмир ва таҷдиди обпартоватозакунии шаҳри Хуҷанд аз моҳи феврали соли 2020, 18 адад ҳавзҳо фаъолият бурда истодаанд, ки аз сабаби гармшавии ҳаво протсесҳои биологӣ (брожение) ба амал омада, бӯи ғализ пайдо шуда дар ҳолати вазидани шамол ба ҳар тараф паҳн мешавад”,- гуфтаанд  дар Санад.

Аммо масъулони КВДК “Хуҷандобуканал” иддаои масъулони идораҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар бораи паҳншавии бӯи ғализ аз фаъолияти иншооти партовобтозакуниро бе асос мешуморанд ва мегӯянд, иншооти идораи онҳо дар ҷое бунёд шудааст, ки боиси олудагии ҳаво дар маҳалли аҳолинишин намегардад.

Туристы идут в поход - Sputnik Тоҷикистон
Омодагии ВМКБ барои қабули сайёҳон дар замони ҳамагирии COVID - 19

“Иншоот дар 343 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст ва нисбат ба маҳаллаи 3-юми шаҳр дар сатҳи 27 метр пасттар воқеъ буда, аз маҳаллаҳои навбунёд дар масофаи 10-15 километр дур аст ва сабаби паҳн шудани бӯйи ғализ дар шаҳр буда наметавонад. Зеро иншооти мазкур тибқи талаботи беҳдоштӣ бояд аз марзи шаҳри Хуҷанд 5 км дур бошад, имрўз ин талабот риоя гардида, дар масофаи беш аз 8 км аз ҳудуди маҳаллаи 3-юми шаҳр, воқеъ дар маҳаллаи Мараҷаби ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойгир аст. Дар иншооти мазкур корҳои таҷдиду азнавсозӣ гузаронида шуда, ҳанўз санаи 13 сентябри соли 2019 он бо пуррагӣ ба истифода дода шудааст.  Ҳол он, ки бўйи ғализ танҳо аввали соли ҷорӣ пайдо шуда, дар як рўз 2-3 маротиба ба фазои шаҳр паҳн шуда истодааст, бахусус шабонгоҳ”, - таъкид шудааст дар гузориши “Хуҷандобуканал”.

Чанде қабл ҳам масъулони Раёсати ҳифзи муҳити зист дар Суғд дар суҳбат таъкид намуданд, ки паҳншавии бӯи ғализ аз ҳисоби корхонаи коркарди партов аз ташноб (канализатсия) муайян нашудааст.

Бӯи ғализ -мушкиле, ки чаро ним сол боз ҳал намешавад?

Дар ҳамин ҳол сокинони Хуҷанд мегӯянд  бӯе, ки умдатан ҳар субҳу ҳар шом шаҳрро фаро мегирад ба фаъолияти фермаҳое шабоҳат дорад.

Арчазори Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Арча ахбори садсолаҳо дар худ дорад: омӯзиши арчаҳои Тоҷикистон аз сӯи олимони UCA

Дар маҳаллаҳои Сартуқай, Себоғ (Учбоғ) ва Ваҳдати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки ҳаммарз бо шаҳри Хуҷанд мебошанд, ҳоло чандин фермаи мурғпарӣ ташкил карда шудааст.

Масъулони ҳукумати Хуҷанд манбаъи бӯи ғализро аз порӯи мурғхонаҳо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шарҳ медиҳанд, мақомдорони ин ноҳия бошанд иддаои дигар пеш меоваранд.

Чаро Маъруф Муҳаммадзода раиси шаҳри Хуҷанд ва Зариф Назирӣ раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар бартараф намудани мушкили ба миёномада ночор мондаанд ва кай бӯи ғализ дар Хуҷанд бартараф мешавад, суолест, ки то ҳол бе посух мондааст.

Лентаи хабарҳо
0