18:39 01 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.15
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
562001

Навори даҳшатбор, ки пур аз алфози қабеҳ аст, ҷавонмарди 20 - сола нашру паҳн кард, ки дар натиҷа ба муддати 5 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуд

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. РВУД дар шаҳри Душанбе барои нақзи тартиботи ҷамяитӣ се нафар ҳамсояҳо, ки яке модару духтар ва саввуми ҷавонмарди ҳамсояшон мебошад, боздошт намуданд.

Пулис баъди нашри навор ба суроғи ин се нафар баромад, ки бо дашномдиҳии қабеҳи худ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуданд.

Котибти РВУД дар пойтахт хабар медиҳад, ки байни ду ҳамсоя сокинони кӯчаи Ҳисори н. Синои ш. Душанбе муноқиша ва нофаҳмиҳои ҳамсоядорӣ вуҷуд дошта, доимо миёнашон муноқишаҳои лафзӣ ба миён меомадааст.

Бе ҳуҷҷати ронандагӣ ва бо суръати баланд: садама дар эстакадаи Душанбе - видео

Наворе, ки чанд рӯз боз дар шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезанад,  санаи 20 - уми август, тахминан соати 14:00 дақиқа наворбардорӣ шудааст.

Манбаъ меафзояд, Каримзода Далери 20 - сола бо ҳамсоягони худ Раҳимова Мавзунаи 34 - сола ва модари ӯ Олимова Шарофати 70 - сола муноқиша намуда, нисбаташон суханони қабеҳ гуфтааст.

"Санаи мазкур, нахуст Каримзода Далер нисбати номбурда беэҳтиромӣ намуда, сабабгори сар задани ин муноқиша шуда, ҳолати ҷаҳлу ғазаб ва амалу суханони қабеҳи ҷониби муқобилро наворбардорӣ намудааст", - таъкид мешавад дар хабар.

Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати ҳамаи дастрасшудагон тибқи талаботи моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба суд ирсол шуд.

Бо қарори суд, Каримзода Далер ба мӯҳлати 5 шабонарӯз ба ҳабси маъсурӣ гирифта шуда, Раҳимова Мавзуна бо назардошти дар тарбияи худ доштани тифли хурдсол шартан ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 10 - нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва нисбати модараш ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 7 - нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин карда шуд.

Барчаспҳо:
навор, ҷанг, ҳамсоя, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ