08:33 27 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
171 0 0

Дар вилояти Суғд ба хотири пешгирии вируси корона корҳои безараргардонӣ ва фаҳмондадиҳӣ тақвият бахшида мешаванд

ДУШАНБЕ, 29 авг – Sputnik. Раиси вилояти Суғд ба хотири пешгирии паҳншавии бемории коронавирус ҷаласа баргузор кард, гузориш медиҳад хадамоти матбуоти раиси вилоят.

Гуфта мешаванд, нимаи дуюми 28 август таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд, Раиси Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19 Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи навбатии ситоди вилоятӣ доир шуд. 

"Бо назардошти вазъи мавҷуда зикр карда шуд, ки бояд дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла нақлиёти умумӣ корҳои безараргардонӣ мунтазам гузаронида шаванд", - менависад манбаъ.

Ҳамзамон корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни сокинон тақвият бахшида хоҳанд шуд.

"Шаҳрвандон бояд ҷиҳати риояи гигиенаи шахсӣ, қоидаҳои санитарӣ, нигоҳ доштани масофаи муқарраршуда, истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ ва маводи антисептикӣ масъулияти бештар эҳсос намоянд", - таъкид гардид дар ҷаласа.

Даргузашти Содиқ Бобоев, табиби Бемористони Хуҷанд

Риояи дастуру талаботи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19 ҳангоми гузаронидани тӯй ва дигар маросим низ бояд қатъӣ назорат карда шавад.

Мавзӯъҳои асосӣ