07:04 27 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1683 0 0

Дар маҷмуъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то санаи 29 август 8516 ҳолатро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Шабонарӯзи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 35 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, дар маҷмуъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то санаи 29 август 8516 ҳолатро ташкил дод.

"Дар ҷумҳурӣ 7309  (85,8%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта, бар асари он 68 нафар фавтидаанд", - афзудааст вазорат.

Дар шабонарӯзи охир таҳти назорати табибон 84 нафар гумонбарон қарор дошта, 33 нафар бемор баъд аз табобат аз муассисаҳо ба хона ҷавоб дода шуданд.

Ҷаласаи Аҳмадзода барои пешгирии коронавирус: дар вилоят "дезинфексия" мекунанд

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Мавзӯъҳои асосӣ