04:33 25 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
634 0 0

Вазорати саноату тиҷорати Русия омодагии худро барои пуштибонии ҳамаҷониба аз ширкати алюминиуми Тоҷикистон эълон кард

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Ба нақл аз радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ширкати Талко, "Интиқоли мошинҳои нав аз Русия ба ширкати Талко низ баррасӣ мешавад", гуфт Евгений Корнаков, намояндаи тиҷорати Русия дар Тоҷикистон.

Бо ёдоварӣ аз зарурати афзоиши савдои байни Душанбе ва Маскав, Корнаков илова намуд, ки Русия лоиҳаҳои муҳими саноатӣ ва иқтисодии Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад.

Аз НБО "Роғун" то "Талко": Кумитаи андоз бузургтарин қарздоронашро ном бурд

Дар сомонаи Корхонаи алюминийи Тоҷикистон гуфта шудааст, ки корхонаи ТАЛКО сутунмӯҳраи иқтисодиёти Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Маҳз дар атрофи он даҳҳо корхонаҳо амал кардаву нав ташкил меёбанд, ки маҳсулоти онҳо қисмҳои эҳтиётӣ мебошад, истгоҳҳои барқӣ ва истеҳсолоти истихроҷи маъдан фаъолият менамоянд. Дар натиҷа, занҷири мураккаби истеҳсолӣ ба вуҷуд меояд, ки он кишвари рушдкардаи индустриалиро ташкил медиҳад.

Манбаъ қайд намудааст, ки ин корхона яке аз корхонаҳои ниҳоят қудратманди кишвар - дар ҷараёни рушду пешрафти худ моҳи июли соли 2007 соҳиби мақоми нави истеҳсолии ҷавобгӯйи талаботи муосир – Корхонаи воҳиди давлатии “Ширкати Алюминийи Тоҷик” (ТАЛКО) гардид.

Ҳамчунин гуфта шудааст, ки имрӯз ТАЛКО ба қатори истеҳсолгарони азими ҷаҳонии алюминий шомил буда ва дар давоми солҳои тӯлонӣ нуфузи худро дар ҷумлаи ширкатҳои аз ҳама босуръат рушдкунандаи Тоҷикистон, ки ба менеҷменти муосир ва низоми байналмилалии ҳисоботдиҳии молиявӣ таъйид менамояд, дар асл таҷассумгари ислоҳоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон шудааст.

Барчаспҳо:
саноат, ҳамкорӣ, Русия, алюминий, ТАЛКО, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ