23:47 01 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.15
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
180 0 0

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik.  Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда ва абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. 

Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 12+17 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 2+7 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. 

Шамол аз самти самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 ва  дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 14+19 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12  ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. 

Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 32+37  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 15+20 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда,  дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмудат меборад. 

Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 14+19 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад. 

Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 23 +28 дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст.  Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9  метр дар як сония   мевазад.

  Ҳаво шабона 15+17 ва  рӯзона 29+31 дараҷа гарм мешавад.

Мавзӯъҳои асосӣ